Зеҳн
Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа

ҶомеаАдабиёт
Аз аввал хондан

Ба дилмондаҳои зиндагӣ маслиҳат медиҳам, ки мисли ман бошанд. Боре назди пастиву баландиҳои тақдир таслим нашудаам. Имрӯз ҳам натавонбинон бо амалҳояшон ба гӯр ғалтонданам мехоҳанд, аммо боз таслим намешавам.

Ду шахс дар як мошин нишаста ба як самт мерафтанд, аммо хаёлҳо онҳоро ба кӯи дигар бурда ҷудо мекард.

Ба ҳар як сухани бади душманон набояд ҷавоб дод. Хомӯш истодан ҳам ҷавоби дашномро дорад.

Ӯ ҳамеша мехоҳад, ки бо ақидаи худ бигзояд. Фаромӯш кардааст, ки дунёро ақидаҳои дигар фаро гирифтаанд.

Зиндагӣ кист?
Зиндагӣ чист?
Зиндагӣ на кист ва на чист. Зиндагӣ ин бозиҳои бемаънӣ, фиребдиҳиҳои ҳамдигарӣ ва найранг асту халос. Як дақиқае бозӣ мекунем ва тарки зиндагӣ менамоем.

Камбудии ӯ дар он буд, ки дигаронро намефаҳмид. Онҳоро як умр таҳқир карда дашном медод.

Ҳангоми намоиш мунаққидро хоб бурдааст, донед, ки ин нои танқиди мунаққид аст.

Дар зиндагӣ шарт нест, ки ҳамеша суол диҳӣ. Баъзе суолҳоро худи зиндагӣ ҷавоб мегӯяд.

Нафареро дидам, ки бе сабаб шохи дарахтонро меҷунбонид. Сабабашро чун пурсон шудам, амалашро аз бекор мондан маънидод намуд.

Аз назди хонаи нафаре гузаштам, хомӯшона чашм аз осмон намеканд. Тааҷҷуб мондам ва сабаби нигоҳашро пурсон шудам. Маълум гашт, ки суоле ба осмон дода будааст ва интизори ҷавоб аст.

пешина
аз 213
навбатӣ