Зеҳн
Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа

ҶомеаАдабиёт
Аз аввал хондан

битарс ва хазар бикун. Рӯзе мерасад, ки туро Худо ҷазо медиҳад.

Ин дунё ҳамааш ҳисобу китоб дорад. Имрӯз ту ба афтодагон механдӣ, масхараашон мекунӣ, фардо ба ин рафторҳоят дар пеши Парвардигори 18 ҳазори олам иншооллоҳ ҷавобгӯй мешавӣ, ҷавоб медиҳӣ. Иншооллоҳ.

Ту ҳайрон машав, ки туро гирду атрофиёнат дарк накарданд, нафаҳмиданд... Ту шудгор бикун, дон бикор, шояд ояндаҳо ба қадри шудгори ту, ба қадри дони коридаат бирасанд. Агар рафту ояндаҳо ба қадрат нарасиданд, ту ғам махур. Чунки ояндаро касе намедонад, ки дар паси пардаи ояндаҳо ва оянда чӣ ҳодисаҳо хоҳанд шуд... Паси парда муаммост. Ва паси пардаро ҳеҷ кас пешгӯӣ карда наметавонад. Бо ин фикрҳо худро тасалло дода ва ту бо сари ҳам шудгор бикун, ҷуфт бикун ва дон бикор барои худ ва барои дигарон.

Ду ҳамсинф баъди солҳои тӯлонӣ бо ҳам вохӯрданд. Яке аз ҳамсинфон олигарх ва дар вазифаи хеле баланд кор мекард. Дувум ҳамсинф ҳамчун фаррош кор мекард.

Ҳамсинфи олигарх аз ҳамсинфи куҳан пурсид, чӣ ҳол дорӣ? Ҳамсинфи фаррош ранг бубин, либос бубин, аз боқимондааш мапурс. Ҳамсинфи олигарх бо писханд «ну что же ты, ведь надо старик пахать, пахать и тогда будешь как я на высоком посту и будешь человеком.

Фарроши ҳамсинф ман дурӯғгӯиро ёд нагирифтам, падарам коммунист буд. Ӯ маро чунин омӯхт. Баҷем, дуздӣ накун, баҷем, дурӯғ нагӯй. Бо меҳнати ҳалоли худ бизӣ...

Ман як умр бо гуфти ӯ зистам.

Эх старик, ты кишлак и твой отец был больной и сына воспитал в духе себя болваном. Ты и твой отец обманутые поколение сказал олигарх. И он сел в мерседес и не обращая внимания больше на своего сокурсника. Чао, гудбай, — гӯён аз назари фаррош ғайб зад.

Ин буд қиссаи ду ҳамсинф.

пешина
аз 213
навбатӣ