Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа
Ё Г. Шоу ҳангоми бемориаш табибон тавсия медиҳанд, ки агар оби мургшӯрборо бинӯшад имконияти сиҳатбимаш зиёд мешавад. Ӯ ин ҳамаро рад мекунад ва андеша дорад, ки хӯрдани гӯшти паррандагон ё ҳайвонот баробар ба хӯрдани гӯшти бародар аст.
Ӯ васият мекунад, ки рӯзи маргам аз паси тобутам на одамоне, ки бо гиряҳои сохтаи худ тобутро гусел мекунанд бошанд, балки онҳое онро видоъ кунанд, ки ҳайвону паррандагон бошанд. Ин орзуи дерина ва васияти баъдимаргии Шоу буд.
Инсоният аз аср ба аср табибаташ дигар шуда меистад. Лек дар ҳақиқат одамон ҳамонанд, аммо худро дигар кардан мехоҳанд.
Аксари драматургон, нависандагон, шоирон, файласуфон асарҳои машҳурашонро дар охири умрашон офаридаанд.
Ман бо гуфтугӯҳои худ одамонро намемонам, ки дилгир шаванд. Гоҳе менависам, ки 2 + 2 = 5 аст, гоҳе дигар 2 + 1 = 3. Гоҳе дигар одамонро ба олами вуҳуш муқоиса мекунам. Ин усули навишти ман аст ва ба касе пайравӣ накардаам. Ба касе маъқул аст бихонад, нахоҳад касеро маҷбури хондан намекунам. Шояд дар оянда одамизод беҳтар шавад. Инро намедонам, танҳо вақт медонад.
Ба онҳое, ки пурра дилмондаи зиндагӣ ҳастанд ду маслиҳати муфид додан мехоҳам.
Ба ошиқони ҳақиқӣ, на ҳасакӣ гуфтаниам, ки ҳаргиз аз маъшуқаатон озор наёбед, тарки ҳамдигар накунед, худро зуд ба ҷарӣ, об, оташ мазанед. Дар аввал биёед бо ҳам биандешем:
- Зиндагӣ 1 маротиба дода мешавад;
- Ҳама медонад, ки ҳама мирандаем;
- Дигар аз он дунё ба ин дунё ҳаргиз барнамегардем;
- Аз рафтани зуд чӣ суд;
- Аввал мубориза бубар, баъд тарки дунё намой меарзад;
- Агар бинӣ, ки дар майдони мубориза коре аз дастат намеояд, пас тамошобин шав. Тамошо бикун, ки чӣ тавр сарватмандон барои моли дунё гулӯи ҳамдигарро буғӣ мекунанд. Ҳамдигарро зинда фурӯ мебаранд. Ҳамаро бубину хулоса барор. Нигоҳ бикун, ки аз онҳо чӣ гуна садоҳо меояд. Охир

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё