Зеҳн
Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа

АдабиётҶомеа
Аз аввал хондан

Маро бо зӯрӣ ва ҳавобаландӣ мағлуб карда наметавонанд. Танҳо оромона ва сухани хуб маро мағлуб мекунад.

Шахсе, ки боре хоҳишатро иҷро накард, дигар аз ӯ чизе мапурс.

Одаме, ки қадри худро намедонад, дигарон ҳеҷ вақт онро ҳурмат намекунанд. Кӯшиш намо, ки қадратро аз даст надиҳӣ, вагарна дигар он барнамегардад.

Ӯ ҳамеша мехост аввалин шуда хабари нохушро бишнавад, хабари хуш хуб аст, аммо хабари нохушро бояд ҳалашро ҷӯст.

Барои ҳалли масъалаи муҳим аввал бояд андеша намуд. Андеша ҳамаро ҳал мекунад.

Сабр + тоқат + сабр + тоқат

Аз ҳама мушкил барои ин интихоби зиндагист. Роҳи дурустро интихоб намудану зистан мушкил аст.

Инсон бояд баъзе вақтҳо амалҳои кардаашро пинҳон дорад ва ба касе нагӯяд. Дуруст ё нодуруст будани амалашро вақт муайян мекунад.

Як бо ду баҳс карданд. Як ба ду нигариста гуфт:

  • Ту медонӣ камбудият дар чист?
  • Не, намедонам, аммо мехоҳам камбудиамро фаҳмам.
  • Ту шӯҳратпараст ҳастӣ.
  • Камбудиҳоямро гуфтӣ, ту чӣ худ бегуноҳӣ? Он қадаре, ки ту шӯҳрату мансаб мехоҳӣ ягон махлуқ намехоҳад.

Бузургонро модарашон бузург таваллуд намекунад, балки онҳоро замона бузург месозад.

Ҳар киро дар тақдираш аз сарчашмаи ҳаёти худ об нӯшидан фармудааст.

пешина
аз 213
навбатӣ