Зеҳн
Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа

ҶомеаАдабиёт
Аз аввал хондан

накардан духтараш наздораш даъват намуд ва танбеҳ дод. Падар баъди шунидани суханҳои муаллим сухан намуд:

  • Мавро ҷавоб диҳед, ки галлаамро боз мабодо гургон нахӯранд.

Аз ин суханони гуногун муаллим ҳайрону гаранг шуд. Чӯпон аз дар баромада рафт.

Аз рӯзи дигар фарзандони чӯпон ба мактаб наомаданд, зеро падар онҳоро ба худ ба кӯҳ бурда буд. Тақдири фарзандони чӯпон чӣ шуд? Хонанда худ давоми ин гуфтаҳоро биандешад.

Агар мебинӣ, ки туро намебинад ва намешунавад, дилгир машав ва дарашро бикуб. Чун ҷавобатро надоданд мақоли халқро фаромӯш макун, ки гуфтаанд: «То тифл гиря накунад, модар шир намедиҳад». Коре бикун, ки онҳо туро бибинанд ва шунаванд.

Ғам ё дарде ба сарат омад, ба ваҳм мапеч. Оромона, шитоб накарда аз пайи ҳалли он бишав. Ин ҳамаро ман аз сар гузаронидам, медонам ва боз мегӯям, ки

  1. Ғайр аз марг ҳама мушкилӣ ҳал мешавад.

  2. Агар инсон ирода дошта бошад, сабру қаноати насибаш гашта бошад ҳамаро паси сар мекунад. Ғаму дардҳое ҳастанд, ки бо гузашти вақт аз вуҷуди инсон берун мешаванд. Худро ба вартаи марг не, аз он бояд раҳо намуд.

Оё Мансури Ҳаллоҷ бо ибораи «Аналлоҳ»-аш шоёни таҳсин нест? Ё шоир Насимӣ дар оташ сӯхта ба ақидаи худ устувор монд.

Чунин ҷавонмардони арзанда дар ҳаёт кам набуданд.

Наҷотдиҳандаи Рим Мунсӣ дасти худро рӯи оташ сӯзонда ба дигарон дарси мардонагӣ омӯзонд.

Ривояте ҳаст, ки далерии Мунтиро рақибон дида андешиданд, ки нафаре аз онҳо то ин дараҷа ҷавонмард аст дигарон аз ин шуҷоъаттар ҳастанд. Ин ба дили онҳо ваҳм андохт ақибнишинӣ карда буданд. Ҷавони Брунаро барои ақидаҳояш оташ заданд.

Ба монандӣ Спартак, Пугачев, Степқа, Розин, Муқаннаъ, Шерак барин қаҳрамонҳоро таърих фаромӯш намекунад. Инҳоро дида рӯҳафтода машав ва мард бош.

пешина
аз 213
навбатӣ