Зеҳн
Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа

ФарҳангАдабиёт

Чун баъди падар чароғ сӯхтӣ падарам,
Ман шамъу чароғи хонадони падарам.
Рӯзе, ки аз ин замона ман мегузарам,
Дар хонаи ман чароғ сӯзад писарам.
(Э. Шоҳзода)

ШАРҲИ ҲОЛ
Зодгоҳи Искандар Мирзоев ноҳияи Ғарм (Рашт) мебошад. Вай баъди хатми омӯзишгоҳи педагогии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ (Қӯрғонтеппа) ба факултаи таъриху филологияи Университети давлатии Тоҷикистон дохил шуда, баъди хатми он (с. 1960) ба студияи навташкили телевизиони ҷумҳурӣ ба кор омад.

Аз муҳаррири хурд то муҳаррири калон ва сармуҳаррир адои вазифа кардааст. Солҳои 1973 - 1977 мудири шӯъбаи илму фарҳанги рӯзномаи ҷумҳуриявии «Тоҷикистони Советӣ» («Ҷумҳурият») буд.

Аз апрели соли 1977 директори барномаҳои телевизиони ҷумҳурӣ ва баъд муовини раиси Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон таъин гардид.

Солҳои 1989 - 1994 Искандар Мирзоев дар вазифаҳои роҳбари Маркази матбуоти Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон ва сармуҳаррири ҳафтаномаи «Оинаи зиндагӣ» - и Федератсияи Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон кор кардааст.

Минбаъд (с. 1994 - 2005) вазифаи ёвари Вазири фарҳанг ва иттилоот, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ - ро ба ӯҳда дошт. Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон буда, барои хизматҳои шоистааш нафақаи дараҷаи ҷумҳуриявӣ мегирад ва ҳамчунин дорандаи унвонҳои фахрии «Корманди Шоистаи Маданияти Тоҷикистон», «Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон» ва чандин медалу ифтихорномаҳост.

Феълан Искандар Мирзоев дар вазифаи муовини директори Маркази Миллии санъатҳои аудиовизуалии ТРК - и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа дорад.

Искандар Мирзоев аз солҳои 1960 - ум ба навиштани ҳикоя, ҳаҷвия, очерку фелетонҳо шуғл пайдо карда буд. Аввалин ҳикояҳои ӯ дар китоби дастаҷамъӣ бо номи «Навниҳолони боғи адабиёт» (1991) ба табъ расидаанд. Китобҳои Искандар Мирзоев «Ҳоҷии ошиқ» (2001), «Рукни чорум» (Ёддоштҳо дар бораи телевизиони Тоҷикистон) (2006), «Қиссаҳои зиндагӣ» (2007) дастраси хонандагон гаштааст.
Китоби нави «Лутфи сухан» маҳсули эҷодии солҳои гуногуни Искандар Мирзоев буда, дар он ҳикояҳо, ҳаҷвияву фелетонҳо, филмнома, очерку лавҳа, тарҷума ва публисистикаи замонавии ба мавзӯъҳо ва проблемаҳои муҳими замонавӣ бахшидаи муаллиф гирд оварда шудаанд.

Агар муаллиф дар очерку лавҳаҳои «Дармонгари ҷону ҷигар», «Бо ифтихор мегӯям, ки ман тоҷикам», «Лутфи сухан», «Ҳидояти модар», «Падруд зиндагӣ», «Номбардори падар», филмномаҳои «Орзуҳои нотамом» ва «Рӯҳшинос» дар бораи шахсиятҳои барҷастае, ки дар соҳаҳои иқтисодиёт, илму фарҳанг саҳми арзанда гузоштаанд, нақл кунанд, дар ҳикояву фелетонҳо ва публисистикааш «Ашки вопасин», «Братан», «Биё, бача», «Генерал қош паронд», «Қиссаи як атаман», «Ошёни бахт» ва амсоли инҳо масъалаҳои умдатарини ҳаёт, камбудию норасогиҳои зиндагиро бо ҳаҷву танқиди холисона мавриди баррасӣ қарор додааст.

Китоб бо нақлҳои ширини кӯдакона ба анҷом мерасад.

Бо итминони комил метавон гуфт, ки шумо, хонандаи арҷманд, аз мутолиаи ин китоби нави Искандар Мирзоев низ як ҷаҳон ҳаловатҳои маънавиву эстетикӣ хоҳед гирифт.

Муҳаррир

аз 173
навбатӣ