Зеҳн
Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа

ФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

ҲИКОЯ, ҲАҶВИЯҲО ВА ФЕЛЕТОНҲО

АШКИ ВОПАСИН

Ҳаво якбора торик шуд. Абри сиёҳ ҳама ҷоро печонида гирифт. Шамол аввал сукурунд ва баъд оҳиста-оҳиста дарахтонро ба ҷунбиш даровард ва якбора шиддат гирифт. Ба назари кас чунин менамуд, ки ҳозир ё бороні сел меборад ва ё жола. Аз ҳавои баҳор ҳар чиро интизор шудан мумкин... Ин авзои ҳаво Маъруф-боборо безобита кард. Ӯ сӯи боғча шитобид, то ки наберааш Бунафшаро ба хушкӣ гирифта ба хона биёрад. Вай дар саҳни боғча хеле маҳтал шуд, интизорӣ кашид, чунки он ҷо ба ибтикори иди модарон 8-уми Март омодагӣ доштанд ва Бунафша дар ин барномаи идона нақши асосиро ба ҷо меовард. Ӯ бидуни он ки дар як саҳнача нақши рӯбоҳро мебозид, боз як шеъри калонро дар васфи модар азёд карда буду онро низ бояд қироат мекард. Маъруф-бобо аз дасти Бунафша дошта: - «тез гард, духтарам, ки қошу қавоқи ҳаво гирифтагӣ, борони чилча-чилча омада истодааст, шиддат гирад, тар мешавем...»

Бунафша роҳравон шеъри азёдкардаашро ба бобояш гуфта дод.

  • Бисёр нағз, духтарам, офарин, - гӯён бобо набераашро тақвият гуфт...

Маъруф-бобо таҳорат кард ва баъд ба қироати намози аср шурӯъ намуд.

Ӯ Бунафшаро чунон нағз медид, ки ба гумонам ӯро аз панҷ набераи дигараш болотар медонист. Аз ин рӯ Маъруф-бобо ба ҳар тӯю маърака даъват шавад, дар бозгашт барои Бунафшаи дӯстдорумаш аз дастархон ҳатман ду-се конфет, ё себу нок ба киссааш андохта меовард. Ё ҳеҷ набусад, аз сари роҳ як-ду дона сақич мехарид, чунки даромадан замон Бунафша давида: «Бобоҷон, ба ман чӣ овардед?» - гӯён дар пеши мӯйсафед эркагӣ карда қад-қад мепарид...

Бунафша бошад ба таомхона даромада саргарми бозии лӯхтаку гаҳвораш гардид. Баъди лаҳзае садои баланди шикастани зарфе ба гӯши бобояш расид.

пешина
аз 173
навбатӣ