Зеҳн
Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа

ФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

кӯҳу талу теппаҳо мегузарад. Чандин баҳорро дар ҳамин мавзеъ паси сар кардаам.

  • Як баҳори солҳои ҷавониам ҳеҷ аз хотирам намеравад, ман ҳам бо дилдодаам дар ҳамин рӯи сабзаҳо мисли Шумо нишаста будам... Он лаҳзаҳо фаромӯшнопазиранд.
  • Шинед ҳамроҳи мо, лаҳзае дам гиред, - гуфтам ба амаки Сабур.
  • Ташаккур, - гуфту рафта, аз хурчинаш, ки дуртар аз мо, писараш дар болои хар савор буд, як литр қимизи аз шири гӯсфанд тайёр карда ва чанд буридаи қайлаи гӯшти гӯсфандиро оварда ба рӯи дастурхон гузошту бо мо худоҳофизӣ кард.
    Рухсора гулҳои додаи амаки Сабурро ба чашму абрувонаш молида, чизе пичир-пичир мекард. Ман ба ӯ бо чашмони пур аз меҳру муҳаббат нигоҳ карда, кунҷковона пурсидам. - Ту чиҳо гуфта истодай?
  • Ман? - Хандаи нарме карду, гуфтаҳояшро бо садои шунаво такрор кард.
    «Эй гули аввали баҳорӣ, Маро ба баҳори дигар бирасон!
    Вазнинии ман аз ту, сабукии ту аз ман» - гуфтам.
    Ҳарду аз ҷой хеста, ба сайри дашти лолазор рафтем. Дар атрофи лолазор ҳарҷо-ҳарҷо гулҳои сиёҳгӯш намудор буданд.
    Ман як даста лола ва як қабза гули сиёҳгӯш чидам. Рухсора ба хорҳои қоқшудаи порсола менигарист.
    Мо аз сайри гулчинӣ ба сари дастурхон баргаштем. Ман гулҳои чидаамро ба Рухсора додам. Аз чӣ бошад, ки ӯ дастаи хори қоқшударо сӯям дароз кард. Чун дид, ки табъи ман хира шуд: - Ба Шумо чӣ шуд, ранҷидед магар? Наранҷед, ман ҳозир ҳамаашро ба Шумо мефаҳмонам. Гулдастаи ҳадякардаи Шумо баъди чанд лаҳза пажмурда мешавад, маҷбур мешавем, ки онҳоро ҳамин ҷо партофта биравем. Вале ин хордаста дергоҳ чун нишонае аз ҳамин лолазори баҳорӣ боқӣ мемонад. Дигар ин, ки ҳикматеро нашунидаед, магар? Дар хонае, ки дастаи хор бошад, ба аҳли он хонавода осебе намерасад, - гӯён, маро бӯсиду сарашро ба китфам монда, ғарқи андеша гардид. Пас аз кандашудани риштаи хаёлаш, сарашро аз китфам бардошта, чашм ба рӯям дӯхта, бори нахуст, «Ман Шуморо дӯст медорам» - гуфта, изҳори муҳаббат кард. Ман мӯйҳои тиллоранги ӯро сила карда, чашм аз рӯю руҳсораҳои
пешина
аз 173
навбатӣ