Зеҳн
Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа

ФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Солҳои 1976-1977 Қадриддин Ғиёсов ду вазифаро паи ҳам иваз кард. Вай аввал сарнозири назорати давлатӣ оид ба харид ва сифати маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, сипас сардори идораи кишоварзии ноҳияро ба уҳда дошт.

Фаъолияти роҳбарии меҳнатии Қадриддин Забирович аз соли 1977 дар мансаби директори совхози ба номи Ильич бараъло инкишоф ёфт ва маълум шуд. Вақте ки Қадриддин Ғиёсов ин хоҷагиро қабул кард, хоҷагӣ қафомонда ва қарзидор буд. Соҳаҳои асосии совхоз чорводорӣ, ғаллакорӣ ва сабзавоткорӣ буд. Ба соҳаи пахтакорӣ нав шурӯъ карда буданд. Лекин ҳосилнокии заминҳо ниҳоят паст буд, чунки заминҳои бекорхобида бисёр буданд. Қадриддин корро аз ҷо ба ҷогузории кадрҳо оғоз намуд. Дар атрофаш кадрҳои босаводу кордон ва мутахассисони ботаҷрибаро муттаҳид намуд. Ба воситаи насосҳои обкашӣ, заминҳои бекорхобидаро корам кард. Деҳқонони асил мегӯянд, ки забони заминро ёфтан лозим. Муносибати нағз кунӣ, ҳосили дилхоҳ мегирӣ. Худи ҳамон сол ҳосилнокии пахтаро аз 17 сентнерӣ ба 30 сентнерӣ расонид. Дар байни як-ду сол тамоми қарзҳои совхозро канд, даромади софи хоҷагӣ ба 800 ҳазор сум расид. Баъд аз ин ҳисоб роҳҳои байни совхозро таъмир кард, мактаби миёна, касалхона, мағоза, клуб, идораи нав сохт, техникаи кӯҳнаи хоҷагиро иваз намуд, дар совхоз соҳаҳои нави хоҷагидориро ҷорӣ намуд. Ӯ ҳар навигарие, ки дар кишту кор ҷорӣ карданӣ шавад, онро аввал аз таҷриба мегузаронд.

Соли 1978 Қарори КМ ва Шӯрои Вазирони Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳар гектар замин рӯёнидани камаш 50 сентнерӣ ҳосили ғалладона» ба табъ расид. Қадриддин Забирович рафта аз ноҳияи Шаҳритус тухми ҷуворимаккаи ВИР-42, ки барои дон буд, оварда онро барои таҷриба дар 10 гектар замин кишт кард. Аксар мутахассисон ақида бар он доштанд, ки дар шароити обу заминҳои Водии Вахш ҳосили баланди ҷуворимакка рӯёнидан аз имкон берун аст. Қадриддин Ғиёсов ҷуворимакка, ки барои дон кошта буд, қади баланд кашид ва ҳосили ниҳоят зиёд баста буд. Вақти ҷамъоварии он Ҷаббор Расулов ҳамроҳи котиби дуюми КМ ҲК Коммунисти Тоҷикистон Ковал, Ф. Паллаев котиби аввали вилояти Кӯрғонтеппа ва боз чанд нафари дигар омаданд. Ҷаббор Расулов аз мошин фаромада се сутаи ҷуворимаккаро гирифта дони онҳоро ҳисоб

пешина
аз 173
навбатӣ