Зеҳн
Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа

ФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

орзу дорад, ки аз пайи модараш ривоҷ ниҳад, лекин амри тақдир ба вай чиро ҳадя мекарда бошад, инро оянда нишон медиҳад. Мирзоева Маҳбуба Раҷабовна ҳамчун зан ифтихори миллати мо буда, ҷоиз аст, ки фаъолияти меҳнатии ӯро бо мисраъҳои шоири тоҷик хулосабарорӣ намоем:
Эй дӯст, ситораи саҳарро монӣ,
Гулҳои шукуфтаи камарро монӣ.
Бо табъу хушу феъли хушу рӯи хушат,
Лабхандаи хуршеду қамарро монӣ.

Вақто ки аз Маҳбуба Раҷабовна пурсидам, ки дар ҳаётатон рӯзи аз ҳама хурсандии ва ёмондаатон кадом аст? Ӯ дар ҷавоб гуфт: - Рӯзи ба дунё ҳастӣ чашм кушодани фарзанди ягонаам Умеда аст! Чунки баробари тавлиди ӯ Худованд ба ман номи муқаддасу пуршарафи модарро ҳадя кард. Рости гап, то зан худаш модар нашавад, ба қадру қимати модар ва суханҳои ӯ кам мерасад. Модарам наберааш - Умедаро нағз медид. Ҳар гоҳе, ки баъди кор рафта Умедаро аз мактаб гирифтанӣ шавам, ба ҳавлии модарам ба хонаи хобаш медароям. Кӯрпаю болишт ва сару либосашонро аз назар мегузаронам, онҳоро бӯй мекашам, бӯи модарам меояд. Бисёр мехоҳам, ки модарҷонам зинда бошанд, ки хизматашон кунам, чунки ҳидояти ӯ барои ман роҳкушо шуд. Вале чӣ илоҷ? Дар назди тақдир ҳамаи мо дасткутоҳем. Рӯзҳои иду арафа ба сари манзилашон меравам ва мехоҳам, ки бо ӯ сӯҳбате ороям ва гӯям, ки «Модарҷон, ҳезет, ман омадаам, духтаратон - Маҳбуба, оне ки бо дуо ва ҳидояти Шумо ба мақсадам расидам, соҳиби касби дӯстдоштааш шуд, ба миллаташ, Ватанаш хизмат мекунад. Гӯё садои модари азизам ба гӯшам меояд:

  • Ба касбу корат барору баракат мехоҳам, духтарам, ҳамон насиҳатҳои маро фаромӯш накун, аз дастат ояд, чӣ қадаре ки метавонӣ, ба мардум хизмат ва некӣ кун. Чунки некӣ кунӣ, некӣ мебинӣ, гуфтаанд бузургон!

Соли 2008

ПАДРУД, ЗИНДАГӢ...!
Дар ду гурӯҳи филология биступанҷ касӣ, 50 нафар донишҷӯ, ки аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ омада будем, таҳсил мекардем.

пешина
аз 173
навбатӣ