Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа
зери таҳрири шӯъбае, ки мудираш Азимҷон Юсуфов буд, мегузаштанд. Дар ин давра вай шогирдони зиёдеро тарбия карда ба воя расонид. Меҳнати ҳалолу пурсамари Азимҷон Юсуфов бо медалу ифтихорномаҳои зиёд ва унвони баланди «Корманди Шоистаи Тоҷикистон» қадр карда шудааст.
Соли 2003 дар касалхонаи Ҷумҳуриявии амрози қалб барои табобат бистарӣ шудам. Дар як палата ҳамроҳи ман як Генерали афғонро (номаш дар ёдам нест) оварда хобониданд. Вай командири тамоми техникаи ҷангии Армияи Аҳмадшоҳи Масъуд будааст.
Ӯ шахси ниҳоят донишманду фарҳангӣ буд. Як рӯз Азимҷон ба айёдати ман омад. Ҳардуи онҳоро бо якдигар муаррифӣ намудам. Баъд Азимҷон аз сафарҳои ба Афғонистон кардааш, аз ҷойҳои дидаю шахсони маъруфи афғон, ки бо онҳо сӯҳбату мулоқотҳо карда буд, бо генерал сӯҳбат ва саволу ҷавоб намуд. Ва дар ниҳоити сӯҳбат Азимҷон қариб 40 дақиқа барои генерали афғон аз Бедил, Соиб, Ҷомӣ, Саъдӣ, Хайём шеър хонд. Генерали афғон ангушти ҳайрат газид ва баъд аз худоҳофизӣ кардани Азимҷон ӯ аз ман пурсид: - Оғо, ин ҳам тоҷик буд?
-Бале! Чаро чунин савол медиҳед? - пурсидам аз генерали афғон.
-Валлоҳ, ягон афғон мисли ӯ бо чунин лаҳни шевою фаҳмо ҳарф намезанад ва ба сони вай шеъри зиёде намедонад, офарин!
Сар то по марди фозилу фарҳангӣ будааст!
-Агар бо одами донишманд ҳамсӯҳбат шавам, - мегуфт Азимҷон Юсуфов, илҳомам ҷӯш мезанад, даҳонам кушода мешавад, дил мехоҳад, ки шеър гӯяму шеър гӯям.
...Ва баръакс агар бо шахси камфаҳм ҳамнишин шавам, гӯё ба даҳонам қулф зада бошанд, хоҳиши сухан карданам намеояд. Вай бо олим ҳамсӯҳбат мешуд, олим буд, бо шоиру нависанда менишаст, адиб, бо журналист ҳамгап мешуд, аз тарзи истифодаи калимаю ибора ва суфтагию тозагии забони давлатӣ сӯҳбат мекард. Ӯ забони классикию муосири тоҷикро хуб медонист. Вай марди оқилу фозил ва дорои фарҳанги волое буд.
Азимҷон Юсуфов чандин асарҳои адибони классику муосирро таҳрир кардааст. Охирин кори шоистае, ки Азимҷон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё