Зеҳн
Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа

ФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

изҳори миннатдорӣ мекарданд. Ҳамин тавр Азимҷон боз як моҳи дигар аз дунёи равшан, ҳавои тоза, аз дидори зану фарзандон, хешу табор ва ёру дӯстонаш баҳраманд гардид.

Моҳи апрели соли 2006 ҳеҷ аз хотирам намеравад. Дар хонааш бистарӣ буд, ба айёдати ӯ рафтам. Атрофашро бародараш Муҳаммадӣ, фарзандонаш Гулчеҳра, Аъзам, Азамат, завҷааш Сайёра иҳота карда буданд. Писари хурдиаш Азамат ба ӯ ду-се карч тарбузи хунук дод. Ӯ бо имою ишора мехост гӯяд, ки дилам рӯшан шуд.

Вай ба ман беист менигарист, чизе гуфтан мехост, лекин гуфта наметавонист, гӯё аҷал ба дилаш чангол зада буду ба даҳонаш қуфл. Баъд чанд лаҳзае дасти маро дошта фишурду бӯсид ва боз ба рӯям нигоҳи дуру дароз карда сар ҷунбонид...

Ман бо таҳайюр гаштаю баргашта ба худ савол медодам:

  • Чаро ӯ сӯям сар ҷунбонид?!

Пагоҳии рӯзи дигар хабари нохуше дар шаҳр паҳн гардид: - Азимҷон Юсуфов бо олами ҳастӣ падруд гуфтааст.

Баъд фаҳмидам, ки «Ҷуфти кабутар будем, бо ҳам мегаштем, падруд, ки аз ҳам ҷудо мешавем...!» - будааст маънии сарҷунбонии охирини дӯстам.

Апрели соли 2006

пешина
аз 173
навбатӣ