Зеҳн
Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа

ФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Ман аррае дидам, ки дар сатил гулҳои сурхи зебо истода буданд. Дарҳол маро ба ҷевони миз партофта руст карда монданд. Табъам хира шуд.

  • Охир ман яксӯмаи партови не-ку! Як сӯмаи ҳалоли меҳнатиам! - гуфтам худ ба худ. - Чаро ба ман ин тавр муомила мекунанд?

Сипас худамро каме тасалло додам:

  • Охир, ин нағз-ку, шахсе, ки маро бар ивази меҳнаташ гирифта буд, сарф карда гул гирифт ва бо он гулҳои харидааш табъи дигаронро чок мекунад. Ҳамин тавр маро сарф кардан гирифтанд...

Нохост аз кунҷи миз касе «ту ҳам дар ҳамин ҷой?» - гӯён ба ман муроҷиат кард.

Бо тахайюр гашта ба он тарафи торикӣ назар кардам ва яке аз шарикони ҳамонсоларо дида, шинохтам. Рақами шахсии вай дигар бошад ҳам, силсилаи ҳардуямон якхела буд. Чунки ҳардуи мо аз як даста будем.

  • Ҳайрон нашав, - гуфт шарикам, - маро ҳам барои гул сарф кардаанд. Ин нишонаи некист. Имрӯз ҳаштуми март аст ва ҳама гул мехаранд.

Дар як сӯм се гулдаста медиҳанд.

Ана, қадру қимати ману ту чӣ қадар!

Аввал сарфаҳм нарафтам, ки ин кам аст ё зиёд, мо қиматем, ё гул?

Ба ҳар ҳол маро дода, се дастагули сурхи зебо хариданд.

Ҳамин вақт боз овози занонае шунида шуд: «Ба ман гул диҳед», гуфт ва ман чӣ будани ҳолро нафаҳмида, чун бақия ба сумкаи тангу тори ӯ афтида мондам. Вай маро дар байни паспорту рангуборҳояш ҷой карда, дари сумкаашро аз болоям шараққӣ маҳкам кард. Аз бӯи даруни сумкаи ӯ гаранг шуда, қариб буд, ки беҳуш шавам.

ШИНОСОИИ ТАСОДУФӢ

Боре бо ман як воқеаи ниҳоят аҷоиб рӯй дод. Ронандаи таксие бо як мусофираш ҳисобу китоб карда, маро ба ӯ дод.

Соҳиби навам маро гирифта тагу рӯ гардонду бодиққат нигоҳ кард ва баъд хушрӯяк қат карда, ба даруни ҳамёни ғафси чарминаш гузошт. Дар ҳамёни ӯ ман худамро дар байни пулҳои

пешина
аз 173
навбатӣ