Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа
ШОИР
(Аз рӯи ҳикояи нависандаи рус Виктор Славкин)
Қабулгоҳ се дари даромад дорад. Котиба бо мошин ким-чӣ чоп карда истодааст. Шоир аз ӯ мепурсад:
ШОИР: Духтари нағз, иҷозат ҳаст назди муҳаррир дароям?
КОТИБА: Ҳа, марҳамат.
ШОИР: Ташаккур (палтояшро кашида, кӯлоҳашро аз сараш гирифта, ба мех меовезад ва дари муҳаррирро кушода мебинад, ки ӯ машғули кор аст). Мумкин, дароям?!
МУҲАРРИР: Обб-о! -Ҳа, дароед, ҳеҷ намондед-дия! Чӣ гап, ягон хизмат буд?!
ШОИР: Ҳа, домулло, як шеър овардам.
МУҲАРРИР: Чаро ба шӯъба надода, рост назди ман овардед? Дастхат аст, ё чопӣ?
ШОИР: На дастхату на чопӣ!
МУҲАРРИР: (бо таҳассур) Чӣ хел?!
ШОИР: Ҳамин хел, ман худам шеърам.
МУҲАРРИР: Ӯй, бародар, вақти масхарабозӣ нест! Чӣ мехоҳед?
ШОИР: Гуфтам-ку, як шеър овардам!
МУҲАРРИР: (оромона куртаашро боло бардошта дар рӯи шикамаш ҳарфҳои холкӯбшударо ба ӯ нишон медиҳад): -Мана, хонед!
МУҲАРРИР: (айнакҳояшро дурусттар монда, аз ҷой хеста, назди шоир меояд, мисраҳҳои дар шиками ӯ сабтшударо ҳам шуда мехонад). Давомаш кани?!
ШОИР: Давомаш дар пойҳоям...
МУҲАРРИР: О, дар ҳамин шикаматон як достонро навиштан мумкин буд – ку! Чаро давомашро дар пойҳоятон навиштаед, намедонам? Истед, ки чаро Шумо шеърро дар қоғаз нею дар баданатон навиштаед?
ШОИР: Шеърҳоямро ман ҳамеша дар баданам менависам. Қоғаз нест, сарфакорӣ-дия.
МУҲАРРИР: Кани, либосҳоятонро кашед, шеъратонро пурра хонем!
ШОИР: (Куртаю шапкаашро кашид). Илтимос, ба котибаатон гӯед, касеро даромадан намонад.
МУҲАРРИР: Бемалол, бемалол, кашидан гиред (хандида). Солҳои довталаби донишҷӯӣ ман иншоро дар бандҳои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё