Зеҳн
Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа

АдабиётФарҳанг
Аз аввал хондан

-Хайл, шумо, ки кол лафтед, худам гӯшҳоямро бо клей мечаспонам...

«БА ТАБАЛЧА МЕШИКАНАМ...»
Бахтиёр писарчааш Эраҷро таъриф мекард.
-Бачаам Эраҷи тилисмшикан мешавад, — гуфт падар ба дигарҳо шунавонида. — Ҳа, бачам, тилисмҳоро мешиканӣ?!
-Ҳа, ба ҳамин дастам мешиканам! — гуфт писараш. — Агар нашикаст, табалчаро мегирам, онҳоло мешиканам, ҳа, дада?!

«ГОРБАЧЁВ МЕДОНАД...»
Мо дар ошёнаи сеюм хона доштем, дар ошёнаи дуюми поёни мо Маҳмадрасул Муҳаммадиев ном ҷавонмарди кӯҳистонӣ, ки ниҳоят донишманд, фозил ва шахси фарҳангӣ буд, зиндагӣ мекард. Касби ӯ муҳандисӣ буда, баъди чилсолагиаш маъюб ва солҳои тӯлонӣ бистарӣ шуд. Банда ҳар ҳафта даромада аз сӯҳбати ҳамдигар баҳраманд мешудем. Писарчаи хурдиаш Дилшоди чор-панҷсола бисёр ширинзабонӣ мекард. Вай ба берун қариб ки намебаромад, аз бозии ҳамсолонаш дур буд. Дар гирди падару модар ва акаҳояш мегашт. Аз ҳамин сабаб аксар вақт суханҳояш пухта ва мисли калонсолҳо мебаромад. Боре аз сафари Москва барояш як шиму куртача овардам. Ӯро ба хона даъват карда, либосҳои навро ба вай пӯшонидам. Ӯ хурсанд шуда, сӯям бо як лутфи кӯдакона нигариста, изҳори қаноатмандӣ кард:
-Акаи ҷон, ташвиш кашидӣ, раҳмат!
Баъд ман аз ӯ пурсидам:
-Дилшодҷон, Мирзо кай аз аскарӣ меояд?
Мирзо — акаи калониаш дар давраи Шӯравӣ дар Чехословакия хизмат мекард.
-Акаи ҷон, ин масъалара аввалаш Худою баъд Горбачёв медонад.

«МАНТУИ КАДУГИН...»
Рӯзе дар хонаи мо набераҳои духтариам ҷамъ омаданд. Дилшод ҳам бо модараш ҳамсояшинӣ омаданд.
-Дилшодҷон!
-Лаббай, ака! (Ӯ маро ака мегуфт)

пешина
аз 173
навбатӣ