Зеҳн
Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа

ФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Вай кӯдаки сеюмам синамак аст, агар занам ӯро бо ман монда равад, бо ӯ ман чӣ кор мекунам?!

Боз ба ҷустуҷӯи таёқи майданакшин баромадам. Дар мағозаи масҷиди Қозиёт фақат як намудаш будааст. Дигарашро фақат аз бозори Корвон меёбӣ, гуфтанд ба ман. Хайрият бахтам омад кард. Аз бозори Корвон ҳамон хел таёқи гуфтаи Латифи чармаку завҷаашро ёфтам, лекин соҳибаш фаҳмидагӣ магар, ки ноилоҷам ду баробар боло нарх монд. Бало ба пасаш гуфтаму пулашро дода гирифтам. Инашро ҳам зану шавҳар гирифта, ба таёқи табаррукии бибиашон гул ба гулу кунгура ба кунгура муқоиса карда доданд. - Ҳамаш нағз, лекин боз як камбудӣ дорад.

Боз чизаш намерасад! - асабӣ шудам ман.

Назди ягон усто баред, ки дар ҳамин дастааш хушрӯй карда ду ҳарф нависад. Ҳарфҳои «Л» ва «Ҷ» - ро

Ин чӣ маънии дорад?!

Чармак ба нофаҳмии ман ҳайрон шуда гуфт: - Ҳе, сода! Наход маънои ҳаминро ҳам фаҳмонам? Маънои «Л» ва «Ҷ» - Яъне «Аз Латифи чармак» - падарашон - ёдгорӣ табаррукӣ ба фарзандон».

Э, сарата хӯрад, таёқи табаррукият!!!

Ин дафъа агар ҳарду поям шиканад ҳам, аз Латифи чармак таёқ намепурсам!

Соли 2008

«ВАЗИФАИ МО ХӮРДАН...

Пагоҳӣ ҳини дастурӯшӯйӣ ногаҳ аз пати рости бинии Соҳиб Сабурович хун беист чажидан гирифт. Бинияшро бо оби хунук мешуст, пахта метиқонд, вале илоҷи қарор додани хунро намеёфт, хун ҳамоно мечакиду мечакид...

Баъд ҳамшираи шафқатро даъват кардем. Вай омада диду, якбора барои духтурро даъват кардан аз ҳуҷра берун шуд. Баъди як лаҳза мудири шӯъба ва худи духтур даромада омаданд.

Чӣ гап шуд, Соҳиб Сабурович?! Шумо чанд рӯз боз бистариед?, - пурсид мудири шӯъба аз бемор.

Рӯзи сеюм аст, ҷавоб дод Соҳиб Сабурович.

пешина
аз 173
навбатӣ