Зеҳн
Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа

ФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

ба боғча не, ба беморхона бурданд. Аввал Бунафшаро табиби бемориҳои асаб дид, баъд духтури гӯшу бинӣ муоина кард. Онҳо ҳам ба хулосае наомаданд. Рӯзи сеюм ӯро назди домулло бурданд. Домулло аввал рӯи китоб кушод, баъд ӯро хонд.

  • Духтаратон сахт тарсида якбора аз забон монда, гӯшҳояш ҳам баста шудаанд, - гуфт домулло ва фармуд, ки дар назди ягон мазори бузургвор чорво бурда хун кунанд.

Падари Бунафша ба бозор рафта як ҷори калон харида, онро ба мошин бор кард. Падару модар Бунафшаро гирифта роҳи мазори ҳазрати бузургвор Бурҳи Валиро пеш гирифтанд. Он ҷо аз маҳалҳои гуногун одамони зиёде омада буданд. Падари Бунафша аз гилофи паҳлуи чапаш кордро кашида яке аз зиёратгарон, ки намуди зоҳириаш ба даҳмарда шабоҳат дошт, ба наздаш хонду аз ӯ хоҳиш кард, ки ҷориро сар бурад ва худаш ҳамроҳи завҷааш аз дасти духтараш дошта атрофи мазор се маротиба давр зад ва баъд нишаста ояте ба рӯҳу арвоҳ тиловат намуда, аз Худои мутаъол илтиҷо менамуданд, ки ба фарзанди яктояку ягонаашон шифои комил бахшояд.

Қассоб гӯсфандро пӯст канда, онро пора-пора кард ва ба падари Бунафша супорид. Қодир, ки ҷориро ба нияти хомталош сар бурида буд, аввал ҳиссаи қассобро дод. Боқиашро ба зиёратгарони мазор тика-тика тақсим намуд ва марди мӯйсафеди муллонамо, ки дуртар аз ӯ бо чанд нафар марду занҳо давра гирифта менишастанд, ба наздаш хонд, як тикаи гӯштро ба ӯ дода аз вай хоҳиш намуд, ки ояте тиловат бикунад.

Марди оятхон дар анҷоми фотиҳааш: - Илоҳим садақаат ба даргоҳаш қабул шавад ва ҳар орзуе, ки дар дил дорӣ, ба муродат бирасонад, оллоҳу акбар! Карим ба мӯйсафед аз киссааш боз даҳ сомонӣ бароварда дароз кард ва ба ӯ изҳори миннатдорӣ намуд. Падару модари Бунафша барои он, ки дар дилашон армоне намонад, тамоми чораю тадбирҳоро меандешиданд, вале нафъ набуд.

Рӯзи чорум ӯро ба назди фолбин бурданд. Дар даромадгоҳи хонаи фолбин навбати дарозе тӯл кашида буд. Онҳо бисёр интизорӣ кашиданд ва ниҳоят вориди даргоҳи ӯ шуданд. Фолбин зани миёнасоли қокина қади баланд, чашму абрувони дилкаш дошт, дар тан пироҳани оддии тоҷикӣ дар пойҳояш махсӣ болои курпача менишаст, дар пешаш курсичае

пешина
аз 173
навбатӣ