Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа
мисли сандалӣ, рӯи он бо сони сафед пӯшонидагӣ ва дар рӯи сон картаҳои фолбиниаш паҳну парешон гузоштагӣ буданд. Падару модари Бунафша ҳанӯз даҳон накушода, фолбин ба чашмони духтарак назар андохта гуфт: - гап намезанад, гӯшҳояш ҳам вазнин шудагӣ?
-Бале, ҷавоб дод модари Бунафша
-Чанд вақт шуд?
-Рӯзи чорум аст: Гапашро фақат бо имою ишора мефаҳмонад.
Фолбин картаҳояшро ҷамъ карда баъд ба фолбинӣ сар кард. Баъд ӯ ҳам ҳамон суханҳои домуллоро такрор кард:
-Духтаратон сахт тарсидааст. Гапзан мешавад, лекин баъди ҳафт - ҳашт сол. Тоқат кардан лозим.
Баъди шунидани ин суханҳо дар чеҳраи падару модар сурхӣ дамид, дар дилашон шӯълаи умед пайдо шуд. Модари духтарак дастони фолбинро мебӯсид, ба ӯ чӣ тавр миннатдорӣ карданашро намедонист...
Бунафша дигар ба боғча нарафт, дар рӯзи иди модарон 8-уми Март иштирок накард, шеъри бахшида ба модар азёдкардаашро нахонд, лекин матни он дар дилаш монд... Мураббияи боғча чанд маротиба занг зада аз Сайёра пурсид, ки чаро Бунафша имрӯз ба барномаи идона наомадааст? Сайёра якбора сирро фош накарда ба ӯ гуфт, ки Бунафша нотоб шуда, ҳарораташ баланд аст, бистарист...
Вай аз хона берун намебаромад, падару модараш барои ӯ дар хона тамоми шароитро фароҳам меоварданд: гаҳвораю лӯхтак ва боз ҳазор хел бозичаҳо харида буданд, ки бозӣ кунаду зиқ нашавад. Қади Бунафша аз сину солаш баландтар менамуд. Бинанда, гумон мекард, ки ӯ мактабхон аст. Лекин ӯ бояд соли оянда ба синфи якум мерафт. Духтарак чашму абрӯи сиёҳ ва мӯи дароз дошт. Модараш мӯи ӯро гоҳе майдабофӣ мекард, гоҳе лентаҳои сурху сафедро иваз менамуд. Ҳамааш ба ӯ ниҳоят мезебид.
Баҳор тобистонро, тобистон тирамоҳро иваз мекард. Хазонрез шуд, саҳни ҳавлиро баргҳои зарди чинорҳо мисли гилем мепӯшонид.
Захми дил Маъруф - боборо рӯз то рӯз мекохонд. Ӯ оҳиста-оҳиста бистарӣ шуд. Ҳар гоҳе ки лаҳзаи дар ошхона ба амал омадаро пеши назар меоварад, худро ҳеҷ бахшида

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё