Зеҳн
Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа

АдабиётФарҳанг
Аз аввал хондан

соҳиби маълумот шуда гирам, сонӣ найрангҳое нишон медиҳам, ки... Дар институти педагогии шаҳри Ленинобод дохил шудам. Достонҳои ишқии «Лайлию Маҷнун», «Фарҳоду Ширин»-ро об карда хӯрдам. Ду-се духтарони ҳамкурсамро қош паррондам, «аз осмон ситора гирифта медиҳам», гӯям ҳам, розӣ нашуданд. Эҳтимол, аз зану фарзанддориям пай бурданд. Афсӯс...

Раве, бо як зан чӣ қадар зиндагӣ кардан мумкин! - гуфтаму Турсунойро бо се фарзандаш се талоқ кардам. Ҳарчанд даву тоз кард, ки гуфтам: «Турсуной, фоида надорад! Ман аллакай Саломат Саидоваро ёфтагӣ». Илоҳо Саломатро ҷояш ҷаннат бошад. Ҳатто напурсид, ки аз зани дуюмат ҷудо шудай ё не? Як сол зиндагӣ кардем. Содиқҷон таваллуд шуду Саломат аз олам абадӣ чашм пӯшид. Ҳайфи зан! Аёли хуб буд, бечора! Чӣ илоч? Ҳамаро фиреб кардаму вале маргро фиреб дода натавонистам. Содиқҷонро бурда ба хонаи додарам мондам: «Ту фарзанд надорӣ, инаш аз акот ба ту тӯҳфа», гуфтам.

Каме бе зан гаштам, баъзе ёру ӯраҳо дар кӯчаю тангкӯча дида, «Ҳа, Абдумаҷид, то кая якқаю танҳо мегардӣ? Ягон оимҷаро ёбу тӯйча кун, мо ҳам аз давлати ту мӯйлабҳоро каме равған карда гирем» мегуфтанд.

Зангирӣ барои ман ду карат ду барин проблема нест. Ман кайҳо як духтара таги чашм карда мондагӣ.

Институтро тамом карда, ба яке аз мактабҳои вилоят муаллим таъин шудам. Оҳ, ин дил? Дили ман маҳзани ишқ аст! Ба ин дил танҳо Гуландом барин занҳо лоиқанду халос.

Гуландом дар мактаби 15 - ум дар паҳлӯи институти педагогӣ муаллимаи забони хориҷӣ шуда кор мекард. Ҳамаи таърихи ӯ ва хешу таборашро нағз омӯхта гирифтам. Зани олиҷаноб! Аз ман даҳ сол хурд! Худо хайри Эргаш барин ёру ӯраҳоро диҳад. Ӯ ҳам устод, ҳам рафиқи ҷонӣ ва ҳам такягоҳам шудааст. Чанд маротиба дар маҷлис масъалаи зангирию оилабезории маро диданӣ шуданд. Ҳамон Эргаш маро чунон таъриф кардааст, ки дили Гуландом маска барин мулоим шуд. Боз худам се-чор бор пеши роҳашро гирифта, ҷоду кардам. Гуфтам: «ту ҳам як шавҳар кардай, ман ҳам як зан гирифтаам. Ҳарду як фарзандӣ дорем, агар хоҳӣ, ними ситораҳои осмонро як-як чида, ба домонат мерезам. Калиди

пешина
аз 173
навбатӣ