Зеҳн
Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа

ФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Солҳои аввал ҳамагӣ ду студия - студияи калон ва студияи хурд барои наттоқон амал мекарданд. Пахши тамоми барномаҳои эфир аз студияи калон сурат мегирифт. Ин имконият намедод, ки рӯзона дар студияи калон репититсия ва ё сабти барномаҳо гузаронида шавад.

Чӣ бояд кард?! Аз ҳисоби маҷлисгоҳ, масоҳаташ 123,2 метри мураббаъ, студияи дуюм ва аз ҳисоби гаражҳо, (162,8 метри мураббаъ), студияи сеюм сохта ба истифода дода шуд. Илова бар ин дастгоҳи марказӣ ба кор даромад. Ин имкон дод, ки минбаъд аз студияи калон ҳамаи редаксияҳо аз субҳ то соати 12-и шаб истифода баранд. Баробари ба кор даромадани дастгоҳи марказӣ, имконияти харидани камераи журналисти телевизион (ТЖК) ва дастгоҳи БТК пайдо шуд.

Соли 1986 як автобус – студияи сайёри телевизиони (ПТС) рақами якумро бо як видеостудияи сайёри телевизиони (ПТВС) бо тамоми таҷҳизоти навтарини техникашон бо маблағҳои калон дастрас кард. Ин имконият фароҳам овард, ки тамоми чорабиниҳои муҳими сиёсиро аз толорҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ дар тасвири ранга сабт карда, намоиш диҳанд. Ин як воқеаи бемуҳобот муҳими таърихие дар ҳаёти фарҳангии ҷумҳурӣ буд.

Дар тӯли бештар аз 40 соли фаъолияти меҳнатиам дар Кумитаи телевизион ва радио надидаам, ки ягон раис мисли ӯ солҳои тӯлонӣ кор карда бошад. Ғоиб Назарович ягона роҳбаре буд, ки бештар аз 11 сол раиси Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон шуда, ин қадар босамар кор кардааст. Дар ин муддат бо роҳбарии ӯ базаи моддию техникии телевизион ва радио мустаҳкам гардид, кадрҳои болаёқат аз ҳисоби адибону оҳангсозони маъруф, журналистони варзидаю муҳандисони кордон ба кор ҷалб шуданд. Мазмуну мундариҷаи барномаҳои телевизион ва радио низ ба куллӣ тағйир ёфтанд, сифати бадеию техникии онҳо низ хеле боло рафт. Барномаҳо ва филмҳои таҳиякардаи кормандони телевизиони Тоҷикистон зуд-зуд тавассути барномаи аввали телевизиoni марказии Умумииттифоқӣ (ҳозира ОРТ) намоиш дода мешуданд ва сазовори баҳои баланди мутахассисони соҳа мегаштанд. Як гурӯҳи калони эҷодӣ дар «Тоҷиктелефилм» фаъолият мекард. Ин гурӯҳи эҷодӣ бевосита дар итоати раиси комитет буд. Тибқи нақшаи эҷодии

пешина
аз 173
навбатӣ