Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
БАРМАКИЁН
Хонадони Бармакиён аз мардуми Балх буданд, ки дини исломро пазируфта, дар аҳди Аббосиён ба мансабҳои баланди давлатӣ ва сарварии вазоратҳо расиданд. Ин хонадони бонуфуз пеш аз қабули ислом оташкадаи бузурги Навбаҳори Балхро сарпарастӣ мекарданд. Яке аз намояндагони ин хонадон Холиди Бармакӣ бо тавсияи Абумуслим ба маснади вазорати Абумансури Саффоҳ (750–754) расида, дертар фарзандону наберагонаш ба корҳои дарборӣ ҷалб гаштанд. Бармакиён беш аз 50 сол (753–803) дар вазифаҳои гуногуни хилофат кор карда, Холид, Яҳё, Ҷаъфар ва Фазли Бармакӣ сохтори давлатдорӣ ва умури идории Аббосиёнро такмил додаанд. Онҳо зимомдории хилофат ва идораи мулкро ба даст гирифта, бо ҳусни тадбир, риояи адолат ва низоми оқилонаи коргузорӣ нуфузи баланд ёфтанд. Қудрати онҳо дар умури сиёсӣ, иқтисодӣ ва сарварии лашкари хилофат ба ҳадди ниҳоӣ расида, боиси рашки арабҳо ва дигар бадхоҳони ин хонадон гардид.
БАРМАКИЁН ДАР ДАРЁИ ВАХШ БАРОИ ЧӢ САДД СОХТА БУДАНД?
Мувофиқи хабари Ибни Халдун Яҳёи Бармакӣ дар болооби дарёи Вахш мисли Девори Бузурги Чин барои пешгирии ҳуҷумҳои доимии туркҳо ба сарзамини тоҷикон, садди бузурге сохта буд, ки минбаъд то дер боз пеши ҳуҷуму ғоратгарии бодиянишинон гирифта шуд.
Бармакиён ба таъриху фарҳанги ниёгони худ эҳтироми зиёд доштанд, ки ин арабҳоро чандон хуш намеомад. Ҳангоми бунёди Бағдод яке аз дарбориён ба халифа пешниҳод кард, ки Айвони Кисроро вайрон созад ва маводди онро барои сохтмони биноҳои нав ба кор баранд. Халифа бо Холиди Бармакӣ машварат намуд ва ӯ халифро аз ин кор боздоштан хост. Халифа барқасди Холид дастур дод, ки Айвони Кисроро хароб кунанд. Чун хароҷоти харобсозии бино зиёд шуд, халифа дубора назари Холидро пурсид. Ин бор Холиди Бармакӣ ҷавоб дод, ки бинои нимвайронаро то охир хароб созед. Халифа аз ин ҷавоби дугонаи Холид сабаб пурсид. Холид гуфт: дар ибтидо мехостам, ки биноро хароб насозед, то ҳар бинанда аз бузургии қавми араб, ки созандагони ин қасри беҳамторо мағлуб кардааст, дар ҳайрат монанд. Чун онро нимавайрон кардед, то охир хароб созед, ки мардумон нагӯянд, арабҳо ҳатто қудрате надоранд, ки қасри бунёдкардаи форсҳоро вайрон созанд. Халифа Ҳорунаррашид ба Холид гуфт, ки ту бо ин гуфтаат, агарчи хостӣ бузургии моро ҳимоят кунӣ, вале аслан ту бузургии аҷдодатро ҳимоят кардӣ ва шукӯҳи онро ба намоиш гузоштӣ!
Қудрати Бармакиён чунон боло рафта буд, ки қариб бе иҷозати онҳо ягон коре дар идораи хилофат сурат намегирифт. Халифа Ҳорунаррашид ва атрофиёни ҳасуди ӯ таҳаммули дидани обрӯву нуфузи хонадони Бармакиёнро надоштанд. Аз ин рӯ, халифа бо баҳонаи ночизе бузургвазири худ Ҷаъфари Бармакиро, ки 17 сол зимомдори хилофат буд, ҳабс намуда, ҳамроҳи бародараш Фазли Бармакӣ - волии Хуросон соли 803 қатл кард ва ба шавкату ҷалоли ин хонадони бофарҳанг хотима бахшид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё