Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
ЭЛОМИҲО ЧӢ МАШҒУЛИЯТ ДОШТАНД?
Эломиҳо дар соҳилҳои дарёҳои Коруну Карха кишоварзӣ ва чорводорӣ мекарданд. Ҳунари маъдангудозию филиззкорӣ низ дар Элом пешрафта буд. Аз гудохтаҳои мису биринҷӣ зеваролоту ашёҳои рӯзгор месохтанд. Ҳунармандони эломӣ осори чӯбини кандакорӣ, маснуоти ороишии филиззӣ, гулдонҳои сафолии нақшҳои ҳандасидор ва тасвири ҳайвонотро ба давлатҳои ҳамсоя содир менамуданд.
Қалъаи Шуш - пойтахти давлати Элом.
ОЁ САНЪАТ ДАР АҲДИ ЭЛОМИЁН РИВОҶ ДОШТ?
Аз санъати нафисаи аҳди Элом муҷассамаи биринҷии малика Нипер-Азу то замони мо расидааст, ки 1750 кг вазн дорад. Муҷассамаҳои дигари илоҳаҳои Элом низ аз пешрафти санъати ҳайкалсозӣ шаҳодат медиҳанд.
Ҳайкалчаи зан мансуб ба замони эломиҳо.
Эрмитажи Ленинград.
Маъбади Чугозанбил - ёдгори замони эломиҳо, ки дар наздикии Шуш воқеъ аст.
ҲИНДИ ҚАДИМ
Дар Ҳинди Қадим аввал маданиятҳои хурди камнуфузе вуҷуд доштанд, ки баъдан бо ҳам муттаҳид шуда, тақрибан 4000 сол пеш аз ин ду тамаддуни бузургро бо номҳои Ҳараппа ва Моҳенҷодаро ба вуҷуд оварданд. Тамаддуни умумии Ҳинд асосан дар водиҳои рӯдхонаҳои Ҳинд ва Ганг падид омадааст. Даврони нави пешрафти тамаддуни ин сарзамин дар охирҳои ҳазораи дуюм ва аввалҳои ҳазораи якуми пеш аз милод, баъди вуруди ориёиҳо ба Ҳинди Қадим, шурӯъ шудааст.
Анбори ғалла
дар Ҳараппа.
ПОЙГОҲИ ТАМАДДУНИ ҲИНД
КУҶО БУД?
Ду шаҳри бузурги водиҳои рӯди Ҳинд — Моҳенҷодаро ва Ҳараппа, ки маҳалли зуҳури тамаддуни Ҳинд буданд, ҳар кадом на камтар аз 40-ҳазорӣ бошанда доштанд. Ин ду шаҳр 4–5 ҳазор сол қабл аз ин бузургтарин шаҳрҳои ҷаҳон ба шумори мерафтанд. Харобаҳои шаҳри Моҳенҷодаро дар ҳудуди Синд ва Ҳараппа дар Панҷоб (Покистони кунунӣ) воқеъ гардидаанд. Дар нимаи ҳазорсолаи 2-юми пеш аз милод ба ин сарзамин қабилаҳои ориёд аз самти шимолу ғарбӣ (аз Хуросони бузург) ворид шуда, ба фарҳангу тамаддун, забону ойин ва низоми шаҳрнишинии сокинони бумӣ дигаргуниҳо ворид намуданд.
Шаҳри Моҳенҷодаро.
РАСМУ ОЙИН ВА ТАБАҚАҲОИ ИҶТИМОИИ ҲИНДИ ҚАДИМ
ЧӢ ГУНА БУДАНД?
Дар Ҳинди Қадим қонуни ахлоқии «Ману» навъҳои гуногуни никоҳу оила ва шароити ҳамсарпазириро ба расмият даровард. Сохтори табақотӣ, яъне кастаҳо дар Ҳинди Қадим аз 5 табақаи иҷтимоӣ иборат буд: 1) браҳманҳо – табақаҳои рӯҳониён ва сарварони мазҳабӣ; 2) кшатрия – табақаи ҷанговарон, амирон ва ашрофу афроди баргузида; 3) вайшая – кишоварзон; 4) шудра – коргарону муздурон, ки вазифаашон хидмат ба се табақаи болоӣ буд; 5) махав (табақаи пасттарин), ки аз ҳуқуқҳои одитарини инсонӣ маҳрум буданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё