Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

НаврасонКӯдаконМаърифат
Аз аввал хондан

ЛАМА ДАР БАЛАНДКӮҲҲО ЧӢ ГУНА
ЗИНДАГӢ МЕКУНАД?

Лама аз ҷинси шутурҳо буда, дар кӯҳҳои Анди Амрикои Ҷанубӣ, дар баландии 5000 м аз сатҳи баҳр зиндагӣ мекунад. Ин ҷонвар, чун шутур кӯҳон, яъне буни гардани дамида надорад. Пашми борику дароз ламаҳоро аз ҳавои сарди кӯҳистон ҳифз менамояд. Кафи пойҳои лама бо болиштакҳои ғафс пӯшонда шудааст. Бинобар ин, онҳо мувозинатро ҳатто дар нишебиҳои кӯҳ ҳам нигоҳ медоранд.

БАРОИ ЧӢ МАКАК ДАР ЧАШМАҲОИ
ГАРМ ОББОЗӢ МЕКУНАД?

Маймуни биниборики макак дар шимоли Ҷопон сокин аст. Аз сабаби хеле сард будани ҳаво онҳо худро то гардан ба даруни чашмаҳои гарми вулканӣ ғутонида, аз сардиҳои зимистон мераҳанд. Ягон маймуни дигар, ғайр аз макак, наметавонад дар сардиҳои шимол зиста, чунин хунукиҳои сахтро паси сар намояд.

КАЛЛАМУШИ КЕНГУРУПОЙ БЕ ОБ
ЧӢ ГУНА ҲАЁТ МЕГУЗАРОНАД?

Макони калламушҳои кенгурупой Амрикои Шимолӣ буда, онҳо қариб ҳамаи оби лозимаро аз ғизои худ – рустаниҳо мегиранд.
Онҳо тамоми рӯз дар лона паноҳ бурда, шомгоҳон берун мебароянд. Охирҳои асри XVIII калламушҳои кенгурупой дар тамоми Австралия паҳн шуда буданд. Ҳоло саршумори онҳо хеле кам гаштааст. Феълан калламушҳои кенгурупой фақат дар Австралия ва Тасмания зиндагӣ мекунанд.

пешина
аз 395
навбатӣ