Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа
РОМАН
ДОСТОНИ ПИСАРИ ХУДО
КИТОБИ САВВУМ
Се ҳазор қадам дуртар аз шаҳраки бостонии Палетир – аз ҳарами хурди Мелкарт андар баҳри Миёназамин, дар ҷазираи на чандон фароху бузурге Тир ном шаҳри ҳазорсолае доман густурда ва ҳараму кўшку биноҳояш қомат афрохта, ки аз бузургтарин ва бошукўҳтарин шаҳрҳои Финиқия ба шумор меравад ва дар қаламрави империяи азими Ҳахоманишиён маъво гирифтааст. Ва ин шаҳри номдори афсонавӣ ду бандаргоҳ дошт: бандаргоҳи сиррии Судон ва бандаргоҳи рўшоди Миср. Ҳамчунин Тир чаҳорроҳаи тиҷорату бозаргонии баҳри Миёназамин ва Осиёи Наздик ба ҳисоб мерафт ва Маркази Тиҷорат ном бароварда буд. Азбаски убургоҳ ва роҳи гузар надошт, забту ишғолаш мақдуниёнро дандоншикан афтод. Шоҳзодаи мақдунӣ Искандар пури Файлақуси Дуввум бо ҳама пурдониву гиреҳкушойӣ дар сари ин масъала он қадар фикр кард, ки аз хусуси наварўсаш Барзини некў ба ин андоза андеша надошт.
Мардуми шаҳри Тир чун халқони Димишқ боҳунар буданд:
киштисозӣ, заврақронӣ ҳунари волои эшон ба ҳисоб мерафт. Дар ин шаҳр танга сикка мезаданд. Аз ин рў лигоми таҷорати баҳри Миёназаминро онҳо ба даст гирифта буданд. Нангбардор, боор ва баномус буданд мардуми Тир. Дифоъ ва ҳифзу ҳимоя мекарданд шаҳрро аз душман. Аммо Искандари ба кишваркушойӣ ва забти шаҳрҳо таҷриба андўхта бо осонӣ ишғол карданӣ буд Тирро. Пиндошт баъди кирдорҳои шаҳри Йусус халқони дигар низ чун мардуми ҷазира осон сар хоҳанд фуровард ва бо нону намак пешвозашон хоҳанд гирифт. Аммо тириён сар нафуроварданд:
«Марг авлотар аз бандагӣ!» гуфтанд. Истодагарӣ карданд, то дар ин муддат шоҳ Дорои Кудумон нафас рост кунад ва сипоҳ фаро орад. Чун рўзгори ободу озод доштанд ва рўзашон хуш мегузашт, дар сар орзуи аз ситами касе раҳо гаштан набуд ва касе армони шоҳу гадоро надошт, гуфтанд: «Андар миёни дарё тахтабанд будан кофист; занҷирбанд будан сарборист!»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё