Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

Устухонбанд ё скелет маҷмӯи бофтаҳои сахти организм буда, вазифаи такаҳои бадан ва аз осебҳо муҳофизат кардани узвҳоро иҷро мекунад. Скелети одам аз устухонҳои ҷумҷума (косахонаи сар), дасту пой ва тана иборат аст. Вай аз ҷиҳати сохти умумӣ ба скелети ҷонварони муҳрадор ва маймунҳои одамшакл монанд мебошад.

Скелети одам аз 206 устухони андозаю шаклашон гуногун таркиб ёфтааст. Устухонҳои асосии сар ҷумҷума ва ҷоғи поён мебошанд. Ҷумҷума аз устухонҳои торак (фарқ)-и сар ва паси гардан иборат аст. Устухонҳои қисми болои тан, яъне дастҳо, аз устухонҳои бозу, оринҷ, соид ва чандин устухонҷаҳои дигари панҷаву ангуштон иборатанд. Устухонҳои рон, устухонҳои калону хурди соқ ва устухонҳои кафи пой мансуб ба устухонҳои пойҳо мебошанд. Дар қисми болои тан сутунмуҳра ҷой гирифтааст. Дар қисми боло ба сутунмуҳра қабурғаҳо пайваст мегарданд.

УСТУХОНҲО АЗ ЧӢ ТАРКИБ ЁФТААНД?
Устухони одам хеле сахт буда, қисми берунии он аслан аз калсий таркиб ёфтааст. Қисми дарунии устухон аз бофта, мағз, рагҳои хун ва асабҳо иборат аст. Мағзи сурхи устухон манбаи асосии хунофар мебошад. Устухон бо устухонпарда фаро гирифта шудааст, ки он сабзишу баъди осеб барқарор гаштани устухонро таъмин месозад. Кори ҷисмонӣ боиси рушди устухонҳо мешавад.

МАГАР ҲАМАИ УСТУХОНҲО
МОНАНДАНД?

Вобаста ба шакл устухонҳоро ба чаҳор гурӯҳ ҷудо мекунанд: дароз, дарозрӯя, паҳн ва кӯтоҳ. Устухони рон аз ҷумлаи устухонҳои дароз мебошад. Устухонҳои дарозрӯя мудаввар ва паҳн мешаванд.
Қабӯрға аз ҳамин қабил устухон аст. Устухонҳои паҳн сербар ва тунук мебошанд, чунончи устухонҳои косахонаи сар, шона, кос. Ба устухонҳои кӯтоҳ устухонҳои қафи пой, панҷаи даст ва муҳраҳо мансубанд.

ЧАРО УСТУХОНҲО САДО МЕБАРОРАНД?

Скелети одам аз банду буғумҳо иборат аст. Ба туфайли ҳамеша дар ҳаракат буданашон банду буғумҳо ниёз ба «равған» доранд. Дар атрофи банду буғум моеи шилмаке мавҷуд аст, ки мисли қисмҳои мошин ҳаракати онҳоро осон мекунад. Вақте ки одам ангушташро дошта якбора мекашад, он қирсос зада садо мебарорад. Чаро ин тавр шуд? Сабаб дар он аст, ки ҳангоми кашидани ангушт фишори моеъ дар атрофи банд тағйир ёфта, дар он ҷо фазои холӣ пайдо мешавад.
Дар натиҷаи ин фазоро пур кардани моеъ садое ба вуҷуд меояд, ки мо онро мешунавем.

пешина
аз 395
навбатӣ