Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

Пӯст ҳангоми харош хӯрдану захм ёфтан хуншор мегардад. Сабаби хунрав шудани пӯст осеб дидани рагҳои он аст. Баъди харош ёфтани пӯст, тромботситҳо (унсури хун) дар рӯи захм ҷамъ омада, ба ҳамдигар мечаспанд ва карахш ҳосил мекунанд; дар натиҷа аз захм дигар хун намешорад. Бо гузашти рӯзҳо пӯст шифо меёбад ва карахш тадриҷан хушкида меафтад.

Ҳангоми шона задани мӯй баъзан аз зери он сабӯсак мерезад. Сабаби пайдоиши сабӯсак аз кам шудани равған дар пӯст аст. Сабӯсак боиси хориши сар гашта, одамро нороҳат месозад, мӯй хушк ва беқувват шуда мерезад. Ба пайдоиши сабӯсак норасоии витаминҳои гурӯҳи А, В, ихтилоли кори меъдаю рӯда, асаб, нигоҳубини нодурусти мӯй ва ғайра мусоидат мекунанд. Барои нест кардани сабӯсак истеъмоли хӯроки сервитамин, истироҳати бофароғат, нигоҳубини дурусти мӯй манфиатовар аст. Шампунҳое низ мавҷуданд, ки сабӯсакро нест менамоянд.

пешина
аз 395
навбатӣ