Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
ХУН ЧӢ ГУНА ДАР ГАРДИШ АСТ?
Хун ба тавассути сурхраг (артерия) ва сиёҳраг (вена)-ҳо, ки ду доираи сарбаста (даврҳои хурд ва калони хунгардиш)-ро ба вуҷуд меоваранд, ҳаракат мекунад. Ба тавассути сурхрагҳо хун аз дил баромада, ба воситаи сиёҳрагҳо боз ба дил бармегардад.
ЧАРО ҲАНГОМИ ОББОЗӢ
ДАР ОБИ ХУНУК ЛАБҲО
КАБУД МЕШАВАНД?
Лабҳои одам ба миқдори зиёд рагҳои хунгард доранд. Бинобар ин, онҳо ба назар ҳамеша сурх менамоянд. Вақте ки ба тани одам сардӣ таъсир кард, рагҳои хунгарди пӯст танг мешаванд. Дар натиҷа миқдори гармие, ки бояд ба тавассути пӯст хориҷ мешуд коҳиш ёфта, хун бештар ба узвҳои дохилӣ ҳаракат мекунад. Ҳамин тавр, бинобар танг шудани рагҳо пӯст аз хун таъмин намегардад, ранги он парида, лабҳо кабуд мешаванд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо