Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

Рӯдаҳои ғафс,
борик ва рост.

ДАРОЗИИ РӮДАИ ОДАМ
ЧӢ ҚАДАР АСТ?

Дар рӯда хӯрок ҳазм шуда, моддаҳои ғизоӣ ба хун ё лимфа мегузаранд ва ба тамоми бадан паҳн мегарданд.
Рӯдаи одамоне, ки бештар гӯшт истеъмол мекунанд, назар ба одамоне, ки ғизои онҳо сабзавот аст, кӯтоҳтар мебошад. Аслан, рӯдаи одам 7–9 м дарозӣ дорад ва аз баромадгоҳи меъда сар шуда, то мақсад тӯл мекашад.

ЧИГАР ЧӢ ГУНА КОР МЕКУНАД?

Ҷигар дар зери диафрагма ҷой гирифта, аз ду ҳисса иборат аст. Вазни ҷигари одами калон 1,5–2 кг мебошад. Ҷигар вазифаҳои бисёр дорад. Дар 1 дақиқа аз ҷигар қариб 1,5 литр ва дар як шаборӯз тақрибан 2 ҳазор литр хун мегузарад. Хун ба ҷигар тавассути сиёҳраг (вена)-ҳои ҷигар дохил шуда, ба венаи дарунхолии поён мерезад. Ҳамин тариқ, хун ба дил танҳо баъди аз ҷигар гузаштанаш равона мегардад. Дар ҷигар дар як шаборӯз 1100 мл ва бештар талҳа ҳосил мешавад. Талҳа барои таҷзия ва дар рӯда ҷабидани равған муҳим аст. Ғайр аз ин, ҷигар ғизоро аз заҳр пок месозад. Ҳуҷайраҳои ҷигар инчунин мавҷудоти бемориангез, яъне батсиллаҳоро нест мекунанд.
ЗАБОН АЗ БАҲРИ ЧИСТ?
Забон барои доштан, хоидан ва фурӯ бурдани ғизо ёрӣ расонда, таъми ғизоро ҳис мекунад, аз тағйироте, ки дар даҳон рух медиҳанд, ба силсилаи марказии асаб хабар мерасонад. Рӯи забон бо доначаҳои майда ва пистонакҳо пӯшида шудааст. Нӯги забон таъми ширин, нӯг ва канорҳои он — таъми шӯр, канорҳо — таъми турш, бехи забон — таъми талҳро ҳис мекунад.

пешина
аз 395
навбатӣ