Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

РАЪДУ БАРҚ ЧИСТ?

Раъд ҳангоми тағйирёбии намӣ ва ҳарорат дар қабати атмосфера ба вуҷуд меояд.
Вақте ки ҳавои гарм бо суръат боло мебарояд ва бо ҳавои хунук бармехӯрад, аз асари ин бархӯрд қатраҳои борон падид меоянд.
Ба ҳам бархӯрдани қатраҳои борон ва ҳавои гарм садои баландро ба вуҷуд меоранд, ки онро раъд меноманд. Дар абри раъду барқӣ аз таъсири ҷараёнҳои ҳаво қатраҳои об бо резаҳо (шӯшаҳо)-и ях бармехӯранд, ки дар натиҷаи соиш хӯрдани онҳо андаруни абр зарраҳои ба ҳам муқобил ба вуҷуд меоянд.
Ҷамъшавии онҳо боиси пайдоиши энергияи электрикӣ, яъне шарораи бузурги барқ мегардад. Гулдурроси раъд барои он аст, ки ҳавои атрофи барқ шадидан гарм шуда, босуръат васеъ ва бо нерӯи садо раҳо мешавад. Барои муайян намудани макони пайдо шудани раъду барқ вақти байни шарораи барқ ва гулдурроси баркро ҳисоб кунед — 5 сония ба фосилаи 1,6 км мувофиқат мекунад.

ТИРУКАМОН Ё «КАМОНИ РУСТАМ» АЗ
ЧӢ ПАЙДО МЕШАВАД?

Тирукамон дар осмон баъди боридани борон аз сабаби шикастани нурҳои Офтоб дар қатраҳои борон пайдо мешавад. Қатраҳои дар ҳаво муаллақ нурҳои Офтобро ба 7 намуди ранги мавҷи рӯшноӣ: сурх, норинҷӣ, зард, сабз, нилобӣ, кабуд ва бунафш ҷудо мекунанд. Барои дидани тирукамон пушт бо Офтоб истодан лозим аст.
Нурҳои Офтоб замин ва қабати болоии баҳру кӯлу дарё ва обанборҳоро метафсонанд, ки дар натиҷа аз онҳо бухори об ба ҳаво бармехезад. Ҳаври бухори об дар баландии атмосфера сард гашта, ба абр табдил меёбад ва сипас ба ҳолати моеъ баргашта, боз ба Замин дар шакли барфу борон мерезад.

ОБИ КАДОМ БАҲР АЗ ҲАМА ШӮР АСТ?

Дар таркиби оби баҳр намаки ошӣ (хлориди натрий) ва минералҳои дигар мавҷуданд.
Ба ҳисоби миёна шӯрии оби баҳр 3,5 дар садро ташкил медиҳад. Баҳрҳои Каспий, Арал ва Майит (мурда) аз ҷумлаи бузургтарин кӯлҳои шӯри рӯйи Заминанд. Аммо шӯрии оби баҳри Майит 25 дарсад буда, обаш аз ҳамаи баҳрҳои дигар шӯртар аст. Он дар байни Урдун ва Исроил воқеъ аст. Аҷиб он аст, ки дар чунин оби шӯр одам ғарқ намешавад ва ҷуссааш дар болои об меистад.

пешина
аз 395
навбатӣ