Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

КӮЛХО

Кӯл-ҳавзҳои об ё обанборҳои табиӣ мебошанд, ки дар умқ ва обкандҳои бузурги рӯйи Замин падид омадаанд. Онҳо бевосита бо баҳру уқёнусҳо алоқа надоранд.
Асосан, кӯлҳо дар натиҷаи боришоти зиёд, обхезии дарёҳо ва дигар ҳодисаҳои табиат пайдо шуда, дар ҳавзҳои мусоид аз ҳисоби чашмаву ҷӯйҳо сероб мешаванд ва дигар хушк намегарданд.

Кӯли Байкал.

КӮЛҲО ЧӢ ГУНА ПАЙДО
МЕШАВАНД?

Тарзи пайдоиши кӯлҳо гуногун
аст. Як қисми онҳо ҳангоми зилзила,
бар асари канда шудани кӯҳпораҳо
аз ягон офати табиӣ, банд шудани
маҷрои дарё, аз таъсири гейзерҳо —
фаввораҳои зеризаминӣ, танӯраи
вулканҳои хомӯшшуда ва ҷойҳои
амиқи қабатҳои лава, дар натиҷаи
амали обҳои баҳру дарёҳо ба вуҷуд
меоянд.

Акси кӯли Байкал аз моҳвора.

пешина
аз 395
навбатӣ