Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

ШАРШАРАҲО

Шаршара, шора, обшор — аз зинаи баланд ба поён рехтани маҷрои об аст. Дар наздикии маҳалли зисти шумо оё шаршара вуҷуд дорад ва оё шумо боре ҳам ба тамошои шаршара рафтаед? Пошхӯрии қатраҳои бешумори оби шаршараҳо дар шуъои офтоб бо тамоми рангҳои тиру камон ба ҷилва меояд ва чашми моро мебарад.

ПАЙДОИШИ ШАРШАРАҲО

Шаршараҳо дар натиҷаи дараи кӯҳҳоро банд кардани кӯҳпора ё дар ноҳияҳои ҳамвор ҷинсҳои кӯҳии сахтро бурида гузаштани дарё ба вуҷуд меоянд. Зинаҳои шаршараҳо аз таъсири ҳаракати тези ҷараёни об оҳиста-оҳиста вайрон мешаванд, ки дар натиҷа шаршара пас рафтан мегирад. Масалан, Шаршараи Ниагара ҳар сол 0,7-0,9 м ба қафо меравад.

ШАРШАРАИ АНХЕЛРО КӢ КАШФ КАРДААСТ?

Шаршараи Сариҳосор дар ноҳияи Балҷувон.

Шаршараи Анхел 979 м баландӣ дошта, ба ифтихори ҳавонаварди амрикоӣ Чимми Энхел (Анхел), ки соли 1935 барои дарёфти тилло ба ҷангалҳои тропикии Венесуэла дар моноплани «Фламинго» парвоз карда буд, номгузорӣ шудааст. Шаршараи Анхелро бори аввал соли 1910 таҳқиқгари испониёӣ Эрнесто Санчес ла Крус кашф карда буд, аммо бо сабаби он ки дар он замон техникаҳои хабаррасонӣ мисли имрӯза тараққӣ накарда буданд, бозёфти олим дар ҳама ҷо овоза ё паҳн нагашта буд. Аз ин сабаб, баъди 25 сол дарёфти Энхел кашфиёти расмии Анхел дониста шуд.
ШАРШАРАҲОИ ТОҶИКИСТОН

Дар Тоҷикистон низ шаршараҳо бисёранд. Дар минтақаи кӯҳҳо оби дарё аз зинаи ростфуромада ҷорӣ гашта, шаршараҳоро ҳосил мекунад. Шаршара на фақат дар минтақаи кӯҳҳо, инчунин ҳангоми аз теппае гузаштани дарё низ ҳосил мешавад. Шаршараҳои баландтарини кишвари мо инҳо мебошанд:

Шаршараи Овчуғ баландиаш 70 метр буда, дар ноҳияи Дарвоз воқеъ аст.

Шаршараи Мотравн баландиаш 40 метр дар ноҳияи Ванҷ ҷой гирифтааст.

Шаршараи Искандаркӯл баландиаш 30 метр буда, дар ноҳияи Айнӣ воқеъ аст. Ин шаршара баробари аз Искандаркӯл ҷорӣ шудани дарё ҳосил шудааст.

Ҳамчунин шаршараи Пушти Боғ, ки дар мавзеи Сари Хосори ноҳияи Балҷувон аст, 50 м баландӣ дошта, яке аз зеботарин шаршараҳои Тоҷикистон аст.

ШАРШАРАҲОИ БУЗУРГТАРИН

Баландтарин шаршараи олам Анҳел буда, он дар Венесуэла (Амрикои Ҷанубӣ) ҷойгир аст. Обҳои дарёи Чурун аз баландии 807 м сарозер шуда, қабл аз он ки боз 172 м-ро то доманаи обшор (шаршара) фурӯ резад, ба майдони шуҳзода (хоросангӣ) мерезад. Инчунин дар Амрикои Ҷанубӣ боз шаршараи Игуасу мавҷуд аст, ки баландиаш 72 м аст. Шаршараҳои баландтарин ва машҳуртарини дигар: Тугели, Виктория, Стенли дар Африқо, Иосемит ва Ниагара дар Амрикои Шимолӣ, Утигари дар қитъаи Авруосиё, Сатерленд дар Уқёнусия (Океания) низ вуҷуд доранд.

Шаршараи Ғузгарф дар ноҳияи Варзоб.

пешина
аз 395
навбатӣ