Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

НаврасонКӯдаконМаърифат
Аз аввал хондан

УҚЁНУСҲО

Уқёнусҳо – макону пойгоҳи бузурги обҳои шӯре мебошанд, ки аз чор се ҳиссаи сатҳи Заминро фаро гирифтаанд. Уқёнусҳо қитъаҳои бузурги Заминро иҳота карда, бо паҳноҳои нопайдоканори обҳояшон аз ҳамдигар ҷудо сохтаанд. Ба уқёнусҳо оби рӯду дарёҳо ва баъзан баҳрҳо ҷорӣ шуда мерезанд. Дар рӯйи Замин ҳамагӣ чаҳор уқёнус мавҷуд аст: Ором, Атлантика, Ҳинд ва Яхбастаи Шимолӣ.

Полинезия – яке аз ҷазираҳои зеботарини уқёнуси Ором.

Ҳайвонот ва рӯстаниҳои қаъри уқёнус.

Дар кураи Замин 4 уқёнус мавҷуд аст:

Уқёнуси Ором, масоҳаташ: 178,6 млн км2

Уқёнуси Атлантик, масоҳаташ: 91, 6 млн км2

Уқёнуси Ҳинд, масоҳаташ: 76,1 млн км2

Уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ, масоҳаташ: 14,7 м

пешина
аз 395
навбатӣ