Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

ПИРЯХҲОИ ТОҶИКИСТОН

Тоҷикистон дорои пиряхҳои азим ва минтақаҳои яхбандии доимии иқлимаш монанд ба Антарктика мебошад (дар минтақаи Яшикӯл сардии -69°С ба қайд гирифта шудааст). Масоҳати умумии пиряхҳои Тоҷикистон тақрибан 8000 км²-ро ташкил медиҳад. Бузургтарин пиряхҳои кӯҳии Тоҷикистон инҳоянд: Федченко, Аюҷилға, Хирсон, Девлохон, Витковский, Гармо, Ванҷ, Зарафшон, ки сарчашмаҳои асосии дарёҳои Тоҷикистон мебошанд.

ОЁ ПИРЯХИ «ФЕДЧЕНКО» - РО МЕДОНЕД?

«Федченко» бузургтарин пирях дар ҳудуди собиқ ИҶШС ва дарозтарин пиряхи ҷаҳон берун аз минтақаҳои қутбӣ буда, дар қисми шимолу ғарбии Бадахшон воқеъ аст. Он аз нишебии шумолии қаторкӯҳи Язгулом ибтидо гирифта, то нишебии шарқии қаторкӯҳи Академияи Фанҳо идома ёфтааст. Ин пирях муҳимтарин манбаи захираи обии Тоҷикистон буда, нуқтаи баландтаринаш 4200 м аст. Дарозиаш 77 км буда, бараш аз 1700 то 3100 м ва ғафсиаш 1000 м аст. Аз сабаби рӯ ба гармӣ овардани иқлим солҳои охир қисми миёнаи он нисбат ба солҳои пешин бо суръати баландтар ҳаракат мекунад ва сарфи оби он дар фасли тобистон ба 1000 м³/с мерасад. Пиряхи мазкур ба шарафи олими рус Алексей Павлович Федченко, ки наботот, ҳайвонот ва пиряхҳои Тоҷикистонро таҳқиқ карда буд, номгузорӣ шудааст.

пешина
аз 395
навбатӣ