Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
КИ АВВАЛИН ХАРИТАРО СОХТААСТ?
Аввалин харитаро мисриён тахминан 3400 сол пеш тартиб додаанд. Юнониҳо баъд аз мисриён сохти харитаҳоро мукаммалтар намуданд. Ситорашиноси юнонӣ Клавдий Птоломей (асри 2-и м.), ки худ дар Миср ба дунё омада буд, харитасозиро хеле такмил додааст. Ӯ сайёраи Заминро дар маркази Олам ҷой дода, ҳангоми сохтани харитаи Замин аз хатҳои махсус, яъне арзу тӯл истифода кардааст. Птоломей як қисми Заминро дар харита тасвир кардааст.
ОДАМОНИ ҚАДИМ РОҲРО ЧӢ ТАВР ДАР ХОТИР НИГОҲ МЕДОШТАНД?
Дар замонҳои қадим, ки харита ва қутбнамо набуд, ситораҳои осмон барои ёфтани самтҳои роҳ ба ҷои онҳо хизмат мекарданд. Баъдтар ситорашиносону сайёҳон ситораҳоро ба гурӯҳҳо ҷудо карда, бо хатҳо пайвастанд. Ҳамин тариқ, аз рӯи галаситораҳои Дубби Акбар (Ҳафт додарон), бурҷи Асад, Аркон (Кит), Геркулес, Ситораи Қутб ва ғайра ёфтани роҳу самтҳои ҷуғрофӣ маъмул шуд. Имрӯз ҳам мо метавонем ба Ситораи Қутб назар карда, самтҳоро муайян намоем. Дар пешорӯи Ситораи Қутб самти шимол ва дар муқобили он самти ҷануб ҷойгир аст. Дар ин ҳолат тарафи чап самти ғарб ва тарафи рост самти шарқ мешавад.
АСОСГУЗОРИ ХАРИТАСОЗИИ АТЛАСӢ КИСТ?
Вобаста ба мавзӯъ ва ҳадаф тарзҳои гуногуни харитасозӣ вуҷуд доранд. Атлас — маҷмӯи харитаҳои ҷуғрофие мебошад, ки дорои барнома ва низоми муайян буда, дар маҷмӯъ ҷузъи як асари том маҳсуб мешаванд. Ин навъи харитаҳои ҷуғрофӣ аз замони Геррард Меркатор (соли 1595) бо номи «Атлас» маъмул гардида, то имрӯз бо усулҳои нав такмил ва истифода мешаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор