Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

МаърифатНаврасонКӯдакон
Аз аввал хондан

Мачу-Пикчу.

ШАҲРҲОИ АВВАЛИН
ДАР КУҶО БУНЁД ШУДААНД?

Аввалин шаҳрҳои бузург дар Шарқи Наздик дар ҳудуди Урдун (Иордания), Байнинаннаҳрайн ва Туркия тахминан 8 ҳазор сол пеш бунёд шудаанд. Ин шаҳрҳо минбаъд ба маркази ҳунармандию тиҷорат табдил ёфтанд. Дар водии дарёи Ҳинд тақрибан 4500 сол муқаддам нахустин шаҳрҳои бузург сохта шуданд, ки кӯчаҳои росту хуштарҳ ва иморатҳои дуқабата доштанд. Ин шаҳрҳоро дертар тоифаҳои ориёии аз Осиёи Марказӣ кӯчбаста ободтар намудаанд, ки ба мо тоҷикон пайванди насабӣ доранд.

КАДОМ ШАҲР КУРАШАКЛ БУД?

Шаҳри Бағдоди қадим соли 762 аз тарафи халифа Мансур – ҳокими тавонои он замон бунёд шудааст. Мансур ба бинокорону меъморони моҳир амр кард, ки шаҳри бузурге бунёд намуда, онро бо девори мустаҳкаме қалъабандӣ кунанд. Дар маркази он шаҳр қасри халифа ҷой гирифта, дар атрофи он хонаҳои аъёну ашроф ва бошишгоҳи афсарон қомат афрохта буданд. Дар Бағдод масҷиду мадраса, корвонсарову бозорҳои калон, кӯчаву хиёбонҳои хуштарҳ, боғу фаввораҳои бисёре мавҷуд буданд. Қад-қади қисмати дарунии девори шаҳр тоҷирону ҳунармандон мезистанд, деҳқонону муздурон ва камбағалон берун аз девори шаҳр бошишгоҳ доштанд. Бағдоди имрӯза пойтахти Ироқ аст.

пешина
аз 395
навбатӣ