Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

МаърифатНаврасонКӯдакон
Аз аввал хондан

Ҷуғрофия

ШАҲРҲОИ ҚАДИМТАРИНИ
ГУЗАШТАГОНИ ТОҶИКОН КАДОМҲОАНД?

Шаҳрҳои бузургу қадимии ниёгони бохтарию суғдии мо Саразм, Истаравшан, Хуҷанд, Ҳалевард, Леваканд, Шумон, Мунк, Вахш, Вашгирд, Хуталон, Ахарун, Ҳулбук, Карон (ё Кеврон) ва ғайра мебошанд, ки аксарашон таърихи қариб 3-4 ҳазорсола доранд. Ҳаробаҳои шаҳри қадимии Балх (модари шаҳрҳои тоҷикон), ки дар китоби Авесто зикр шудааст, қариб 60–65 га масоҳатро фаро мегирад. Бештари ин шаҳрҳо лӯлаҳои гилину корезҳои обпарто, кӯчаҳои сангфарши хуштарҳ, хиёбону растаҳои тиҷоратӣ, ҳисору қалъаҳои мудофиавӣ доштанд.
Қисмате аз Наврӯзгоҳи шоҳаншоҳони Ҳаҳоманишӣ дар Тахти Ҷамшед.

ДУШАНБЕ – ПОЙТАХТИ ТОҶИКИСТОН

Шаҳри Душанбе пойтахти мамлакати мо буда, дар маркази водии Ҳисор ҷойгир аст. Душанбе аз соли 1924 пойтахти Тоҷикистон шуда, солҳои 1929–1961 Сталинобод ном дошт. Он дар масоҳати 124,6 км² ҷой гирифтааст. Чор ноҳия дорад: Исмоили Сомонӣ – 34 км², Сино – 38,7 км², Фирдавсӣ – 18,9 км², Шоҳмансур – 33 км². Душанбе – бузургтарин маркази илму фарҳанг ва саноати мамлакат буда, яке аз шаҳрҳои зеботарини Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Аэропорти байналмилалӣ, роҳи оҳан, филармонияи давлатӣ, зиёда аз 10 донишгоҳи олӣ (донишгоҳҳои миллӣ, тиббӣ, тиҷоратӣ, техникӣ, аграрӣ, донишкадаҳои омӯзгорӣ, санъат), театрҳо (аз ҷумла Театри опера ва балет, Театри академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ, Театри ҷавонон ба номи Маҳмуд Воҳидов, Театри лӯхтак), сирк, осорхонаҳо, варзишгоҳҳо, Киностудияи «Тоҷикфилм», Маркази телевизион, пойгоҳҳои радиошунавой дорад.

пешина
аз 395
навбатӣ