Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

МАДРАСАИ НАВ

Дар асри XIX дар назди Қалъаи Ҳисор аз хишти пухта сохта шудааст. Он дуқабата буда, дар самти чап толори дарозрӯяи масҷид ва дар тарафи рост дарсхонаи салибшакли гунбаздор ҷой гирифтаанд. Дар қабати якуми мадраса ҳуҷраҳои муқаррарии рӯ ба ҷониби ҳавлӣ ва дар қабати дуюм айвонҳои боз ва дигар ҳуҷраҳо воқеъ гардидаанд. Ин усули мадрасасозӣ дар ҳунари меъмории Осиёи Марказӣ нодир аст.
Мадраса ҷузъи Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Қалъаи Ҳисор буда, таъмиру тармим шудааст.

МАДРАСАИ КУҲНА

Дар охири асри XVIII ва аввали асри XIX дар самти ҷанубии Қалъаи Ҳисор, дар муқобили Арк аз хишти пухта сохта шудааст. Он якқабати чоркунҷа буда, 50x15 м андоза дорад. Ҳавлии бузург ва чоркунҷаи мадрасаро аз се самт ҳуҷраҳо (хобгоҳи толибилмони он замон) иҳота кардаанд. Дар се кунҷи ҳавлӣ равоқтокҳои панҷқирра бино ёфтаанд.
Дар тарафи шимолу ғарб айвони равоқдори рӯ ба ҳавлии мадраса сохта шудааст. Меҳроби мадраса дар яке аз чаҳор тоқ, ки нисбатан амиқтар аст, ҷой дорад. Мадраса ҷузъи Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Қалъаи Ҳисор мебошад.

пешина
аз 395
навбатӣ