Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
МУҶАССАМАҲО
Санъати ҳайкалтарошии ҳозираи тоҷик касбӣ буда, дар заминаи беҳтарин анъанаву суннатҳои бозёфтҳои санъати ҳайкалтарошии Шарқу Ғарб падид омадааст.
Ҳайкалу муҷассамаҳо қисми ҷудонопазири меъмории шаҳру ноҳияҳо буда, хиёбонҳо, майдонҳо, боғҳо ва даромадгоҳи биноҳоро оро медиҳанд. Дар Тоҷикистон ба хотири фарзандони нобиғаи тоҷик, қаҳрамонони ҷангу меҳнат пайкараву нимпайкара гузошта, дар шаҳри Душанбе маҷмааҳои азими ёдгорӣ сохта шудаанд.
БАЛАНДТАРИН ҲАЙКАЛҲОИ ҶАҲОН
КАДОМҲОЯНД?
Ҳайкалҳои Буддо Шакямуна дар Мянма (115,82 м, бо ҳайкалпояаш — 129,4 м), Анг Тонги Таиланд (92 м) ва шаҳри Усуи Хитой (88 м), Буддо-Вайрочана дар Хитой (108 м, бо ҳайкалпояаш — 153 м), Буддо-Амитабхи дар Ҷопон (100 м, бо ҳайкалпояаш — 120 м), илоҳа Канон дар шаҳри Сендайӣ Ҷопон (100 м), «Ватан-модар даъват мекунад» дар Қӯрғони Мамайи шаҳри Волгоград (Россия, 82 м) аз баландтарин муҷассамаҳои боқимондаи ҷа-ҳон мебошанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор