Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
КАНДАКОРИИ ЧӮБ
Кандакорӣ навъи санъати ороишиву пардозкорӣ буда, ба воситаи кандану буридани чӯб, устухон, гач ва гил иҷро мешавад. Кандакориро барои зинат додани ашёи рӯзгор, ҷузъҳои меъморӣ ва ҳайкалтарошӣ истифода мебаранд.
Кандакорӣ қадимтарин ва маъмултарин навъи санъати ороишиву амалӣ буда, анвои гуногун дорад: кандакории барҷастаи муқарнасӣ, барҷастаи нисбатан ҳамвор, умқӣ, ангора, дутарафа (тӯршакл, панҷара, аррашуда) ва рӯйбаст.
Меъморону наҷҷорони тоҷик бештар аз чӯби бурс, чанор, тут, чормағз, зардолу ҳар гуна ашёи рӯзгор (коса, табақ, ҷумча, кафлес, сандуқ ва ғайра), қисмҳои биноҳои фарҳангӣ ва маъмуриву ҷамъиятӣ, қолабҳои гуногуни матоъҳо ва ғайра месохтанд. Шоҳсутунҳову боша, раву болор, синчу оваҳқ, дару дарвозаҳои мунаққаш ва лавҳаҳои ҷудогонаи кандакоришуда дар меъморӣ фаровон истифода мешуданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор