Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
МАШҒУЛИЯТИ
РУМИЁН
Колизей.
Дар шаҳрҳои румиён театру амфитеатр ва сирқҳо амал мекарданд, ки бештари лаҳзаҳои фароғатии ашрофзодаҳо ва мардуми озод дар он ҷойҳо мегузашт. Румиҳо тамошои мусобиқаҳои варзишӣ ва набардҳои хунинро, ки дар колизей баргузор мегашт, дӯст медоштанд. Маъмулан, гладиаторон дар набардҳои тан ба тан то аз по афтодан ё ҳалок шудан бо ҳам меҷангиданд.
Дертар сокинони Рум ба саҳнаи ҷангҳои бераҳмонаи гладиаторон одат карда, аз император ва аъзоёни сенат пайваста баргузории чунин муҳорибаҳоро дархост менамуданд.
Дар чунин намоишҳои марговар баъзан гладиаторон бо дарандаҳо, чун шерӯ паланг, бо силоҳу бе силоҳ меҷангиданд.
РУМИҲО БА КАДОМ ХУДОЁН ЭЪТИҚОД ДОШТАНД?
Румиҳо баъди фатҳи Юнони Қадим дину ойини юнониҳоро бо каме дигаргунӣ пазируфта, онро бо урфу одат ва муҳити зиндагии худ мутобиқ сохтанд. Худоёни румӣ аз рӯи мақому манзалат шабеҳи худоёни асотирии юнонӣ буда, номи онҳоро ба румӣ иваз намуданд. Масалан, онҳо Зевсро Юпитер, Посейдонро Нептун, Афродитаро Венера меномиданд. Румиҳо ҳатто дар пайравии юнониён подшоҳи худро император ё сезар хонда, онро баробари худо медонистанд ва барояш саҷда мекарданд.
ОЁ РУМИҲО ТИҶОРАТ МЕКАРДАНД?
Тоҷирони румӣ бо бисёр кишварҳои Аврупову Осиё, аз ҷумла Осиёи Марказӣ ва Чину Ҳинд доду ситад доштанд. Дар корвонсарой ва бозорҳои шаҳри Рум тоҷирони кишварҳои гуногуни олам, аз ҷумла суғдиёну бохтариёни ҳамдиёри мо низ абрешим ва матоъҳои нафиси шоҳию кимхоб ва ҳариру парандро ба савдо мебароварданд. Киштиҳои тиҷоратии ҳомили шароб, равғани зайтун, маҳсулоти кишоварзӣ, силоҳу зиреҳҳои ҷангӣ ва зевароти ороишӣ аз бандарҳои Рум ба кишварҳои дури шарқу ғарб раҳсипор мешуданд. Дар бозгашт онҳо молҳои аҷоибу нодире ҳамчун дарандаҳои ваҳшӣ, ғуломону канизон, абрешиму шоҳӣ, оҷ (устухони фил) ва атриёту сангҳои гаронбаҳо меоварданд.
ЗАБОНИ РУМИҲО ЧӢ АРЗИШЕ ДОШТ?
Мероси аз ҳама арзишманди фарҳангии румиҳо забони онҳо, яъне забони лотинии буда, он дар ҳамаи ҳудудҳои империя роиҷ буд. Дертар аз шохаҳои ин забон забонҳои дигари аврупоӣ, аз ҷумла фаронсавӣ, испанӣ, португалӣ, итолиёвӣ ва забонҳои дигари романӣ падид омада, дини насрониро дар саросари ҷаҳон густариш доданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё