Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

Санъат

МАСНУОТИ КУЛОЛИРО АЗ ЧӢ МЕСОЗАНД?

Маснуоти кулолиро аз гилбӯта месозанд. Гилбӯта як навъ гили оташбардор ва душворгудоз буда, ҳарорати оташбардориаш ба 1600-1700 дараҷа мерасад. Конҳои гилбӯта дар Тоҷикистон дар Султонобод, нишебии қаторкӯҳҳои Ҳисор, ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Кӯлоб ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ дучор меояд.
МАСНУОТИ КУЛОЛИРО ЧӢ ГУНА ОРОИШ МЕДИҲАНД?
Аввал худи зарфро дар чархи кулодӣ сохта, баъди хушконидан рӯйи онро барои нақш тайёр мекунанд ва ангоб мемоланд. Ангоб рангест, ки онро аз гил тайёр мекунанд. Он ранги аслии зарф ва ноҳамвориҳои рӯйи онро пинҳон мекунад. Сипас зарфи ангобандударо хушконида, ба рӯйи он гул ва нақшҳои гуногун мекашанд ва дар хумдон мепазанд. Дар ороиши зарфҳо катибаҳо, тасвирҳои набототу ҷонварон, одам, нақшҳои ислимӣ, рангубори мармарӣ, усули нақр, яъне харошида баровардани нақшро истифода мебурданд. Баъд зарфҳои сирдор бо нақшҳои гуногуни морпеч, хатти шикаста, салиб ва рангҳои зебои гули довудӣ, савсан, лола, анор ва ғайра маъмул гардиданд.

пешина
аз 395
навбатӣ