Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
НАҚҚОШӢ
Наққошӣ аз навъҳои дигари санъати ороиши амалӣ бу- да, дар байни тоҷикон аз замон- ҳои қадим ривоҷ доштааст. Дар асрҳои миёна сутуну меҳроб, де- вору дарвоза, пештоқу равоқи мақбараву масҷиду манораҳоро тавассути наққошӣ ороиш медоданд, ки наму- наҳои зиёди он то имрӯз боқӣ мондаанд. Меъ- морон хиштҳоро каҷу рост, бо қирраҳояшон гузошта, нақшҳои салиб, тӯр, чоркалид ва ғайраро ба вуҷуд меоварданд. Наққошон барои беҳтар кардани ороишоти биноҳо бештар аз гилу гач ва рангубор истифода мебурданд. Ҳунармандон зарфҳо, матоъҳо ва олоти гуногуни рӯзгорро ҳам наққошӣ мекарданд.
ДЕВОРНИГОРА Ё НАҚШИ ДЕВОР
Деворнигора ё нақши девор таърихи қадим дошта, ав- валин намунаҳои онро ҳанӯз дар давраи мезолит (ҳазо- раҳои 8-7 то милод) офаридаанд. Лавҳаҳои ҷудогонаи шикори хирсу гуроз ва ниқоби паранда пӯшидани ода- мон, ки аз мағораи Алтамири Испания, мағораи Монтес- пани Фаронса, Камари Помири Шарқӣ ва Зировутсойи Тирмиз ёфт шудаанд, аз нахустин деворнигораҳои маъ- лум мебошанд. Аз ҳазораҳои минбаъда (6-3 то милод) ороишоти гуногуни девор аз қабили деворнигораҳои манзаравию ҳандасӣ ва сафолӣ дар Тутқавул, Сойи Сайёд, Чайтун, Пасачиқтеппа, Си- ёҳтеппа, Намозгоҳ, Анов, Са- разм, Курушкада, Афросиёб, Тахти Сангин, Ҳулбук ва ғайра боқӣ мондаанд. Дар Суғд девори хонаҳо- ро гачкорӣ карда, бо ни- гораҳои парголии гирех- гиреҳи чорхона, гул ва шоҳу барги рустанӣ, симои ҳайво- ноту наботот, размҳои афсонавӣ ва тимсоли одам оро медоданд. Аз давраи Сомониён катибанависӣ маъмул гардида, хеле ривоҷу равнақ ёфт ва дар асрҳои XI-XIV ба дараҷаи баланд расид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор