Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
ЗАРДӮЗӢ
Тӯппии зардӯзии
бухороӣ.
Зардӯзӣ як навъи санъати ороиши амалӣ буда, тавассути риштаҳои зари сафеду зард асосан рӯйи матоъҳои бахмалу шоҳӣ нақшҳои гуногун дӯхта мешаванд. Зардӯзӣ аз ҳунарҳои қадимии тоҷикон аст.
Дар санъати зардӯзӣ асосан ду навъи зардӯзӣ – заминдӯзӣ ва гулдӯзӣ маъмул аст. Дар заминдӯзӣ нақшҳо ба ҳам пайваст гардида, тамоми заминро фаро мегиранд ва дар матоъ ҷойи холӣ намемонад. Бо ин усул аз қадим камзӯл, камарбанд, чойхалпта, тӯппиҳои мардонаву занона, кафш, зини аспҳо ва ғайра дӯхта мешуданд. Дар гулдӯзӣ нақш танҳо аз рӯйи нусха дӯхта мешавад. Зардӯзон нақшҳои аз картону коғази махсус кашидаи худ ё наққошони касбиро рӯйи матоъ (асосан, шоҳиву бахмал) гузошта, бо ресмон кӯк мекунанд. Баъд риштаи зарро рӯйи нусха монда, аз ду тарафаш бахя мезананд.
ИМРӮЗҲО БЕШТАР КАДОМ НАВЪИ ЗАРДӮЗӢ
МАЪМУЛ АСТ?
Дар санъати зардӯзии имрӯза бештар навъи гулдӯзӣ маъмул буда, онро барои зинат додани ҳар навъ ашёи савғотӣ, сару либоси арӯс ва умуман сару либоси занон истифода менамоянд. Хусусан дар Тоҷикистону Ӯзбекистон тӯппиҳои зардӯзии занона
– зартӯппӣ машҳуранд. Аксаран ҳангоми зардӯзӣ сангҳои қиматбаҳо, камқимат ва пулакчаҳои ҳаррангаи филиззиву садафӣ ба кор бурда мешаванд.
УСУЛИ РЕСИДАН ВА ТАЙЁР КАРДАНИ ЗАРРИШТА
Усули расидан ва тайёр кардани риштаи зар ду навъ мешавад. Дар тарзи якум риштаи зарро даври риштаи абрешим ё коғазӣ ба андозае наздику ҷафс мепечонанд, ки риштаи зар тамоман маълум намешавад. Дар тарзи дуввум риштаи зарро даври риштаи абрешимӣ ё коғазӣ аз ҳам дур мепечонанд. Ҳар яке аз риштаҳо мавриди истифодаи худро дорад. Риштаҳои зар, ҳамчунин, паҳну борик мешаванд.
БЕҲТАРИН ВА МАЪМУЛТАРИН НАҚШҲОИ
ЗАРДӮЗИИ ИМРӮЗА КАДОМАНД?
Имрӯз беҳтарин ва маъмултарин нақшҳои зардӯзӣ «Офтоб», «Булбул», «Ғунча», «Садбарг», «Гулшан», «Навдаи маҷнунбед», «Қӯшбодом», «Бучул», «Хишт», «Чашми булбул», «Хол», «Мавҷ» мебошанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор