Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
Санъат
ДАР НАҚҚОШӢ КАДОМ НАҚШҲОРО
ИСТИФОДА МЕБАРАНД?
Дар наққошӣ, асосан, нақшҳои наботӣ, гиреҳ, ислимӣ, катиба, акси ҷонварон ва ғайраро истифода мебаранд. Дар ороишоти гиреҳ нақшҳои паргор, мадохил, ҷавак, секунҷа, мураббаъ, шаклҳои дуруст ва нодурусти шашкунҷа, ҳашткунҷа, ситораҳои 5, 6, 7, 8, 9, 10, 12-гӯша, чоркалид, чортарка, доира, морпеч, мавҷ, кунгура ва ғайраро истифода мекарданд. Дар ороиши ислимӣ нақши қӯштаноб, марғула, бодом, анор, гули хайрӣ, садбарг, лола, тоҷи хурӯс, нилуфар, маҷнунбед, гули савсан, барги чанор, ангур, анҷир ва ғайраро кор мефармуданд. Барои ороиши ашёи ҷонваршакл ашколи мурғон (булбул, тӯтӣ, саъва) ва ҳайвонот (шер, оҳу, паланг ва ғайра)-ро ба кор мебурданд.
Нақши ислимӣ.
Наққошии
сақфи
чойхонаи
«Саодати»-и
ш. Душанбе.
Наққошии
сақфи
чойхонаи
«Роҳат»-и
ш. Душанбе.
НАҚҚОШИИ МУОСИРИ ТОҶИК
Дар санъати имрӯзаи тоҷик анъанаҳои наққошӣ, асосан, дар мавриди ороиши биноҳои фарҳангиву маъмурӣ (чойхона, тарабхона ва ғайра) истифода мешавад. Ороиши чойхонаҳои «Роҳат», «Саодат» ва «Истаравшан», тарабхонаи «Тоҷикистон» дар ш. Душанбе, Қасри Арбоб (Хуҷанд), тарабхонаи «Гули бодом» (Конибодом), чойхонаи «Дилором» (Исфара), чойхонаи «Панҷрӯд» (Панҷакент) намунаҳои олии санъати наққошии муосири тоҷик мебошанд.
Ҳунармандон зарфҳо, матоъҳо ва олоти гуногуни рӯзгорро ҳам устокорона наққошӣ мекунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор