Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
Аввалин зироаткорон тухми гандуму ҷави худрӯйро кишт мекарданд. Баъд аз пайванд кардани гандуми ёбой бо дигар навъи хӯшадорҳо, намуди нави гандуми донаҳояш бузургтар пайдо шуд. Одамони қадим донаҳои гандумро бо санг майда ва орд намуда, аз он нон пухтанро ёд гирифтанд. Гандуму ҷавро асосан дар Осиёи Марказӣ ва Шарқи Қадим кишт мекарданд. Парвариши шолӣ дар Ҳиндустон ибтидо ёфта, сипас дар Чин маъмул гардид. Одамони замони неолит (асри нави санг) хӯшадорҳо, лӯбиёгиҳо, каду, зайтун ва ҳатто ангур парвариш мекарданд.
Бозгашти мардон аз шикор
ОДАМОН ОЛОТИ МЕҲНАТРО АЗ ЧӢ МЕСОХТАНД?
Одамони аҳди қадим сангҳои нӯгтезу қиррадор, чӯб ва устухон, шохи нӯгаш тези ҳайвонотро ба чӯбдастаҳо баста, чун найза барои шикор, кофтани замин, сӯрох кардани шикофтани пӯсти ҳайвонот истифода мебурданд. Бештар аз чаҳмоқсангҳои нӯгтез олоти меҳнат месохтанд.
Одамони қадим оташи табииро истифода бурда, худ оташро гиронда наметавонистанд. Минбаъд онҳо бо бар ҳамдигар задани ду чаҳмоқсанг оташ афрӯхтанро омӯхтанд. Бо оташ онҳо хонаҳояшонро гарму равшан мекарданд, ҳайвоноти ваҳшии дарандаро метарсониданд ва аз гӯшти сайд ғизо мепухтанд. Дар давраҳои минбаъда мардум ба воситаи гармии оташ аз филиззот сохтани асбобу анҷоми рӯзгор ва силоҳи ҷангиро ёд гирифтанд. Оид ба ихтирои оташ мардумони дунё қиссаҳову ривоятҳои худро доранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё