Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
ЧАРО ДАР АВВАЛИ ИСЛОМ БО ФОРСӢ НАМОЗ МЕГУЗОШТАНД?
Дар Хуросону Мовароуннаҳр таълимоти исломро бештар бо забони форсии дарӣ паҳн менамуданд. Агарчи қаблан ҳам аз сабаби надонистани забони арабӣ «намозро ба форсӣ мекарданд», вале нуфузи забони форсӣ дар миёни мусулмонони Эронзамин бештар баъди фатвои Имоми Аъзам дар бораи ин забон, густариш ва расмият ёфт. Наршахӣ менависад, ки «мардумони Бухоро ба аввали ислом дар намоз Қуръон бо форсӣ хондан ва арабӣ омӯхта натавонистанд». Ва он чунон буд, ки ҳангоми намоз як нафар истода тарзи хондани намозро бо забони форсӣ мегуфт ва дигарон бад-он амал мекарданд.
САБАБИ БА ЗУДӢ ПАҲН ШУДАН ВА ПОЙДОР МОНДАНИ ЗАБОНИ ФОРСӢ ДАР ЧӢ БУД?
Пас аз нуфузи дини ислом дар Хуросону Мовароуннаҳр истифодаи забон ва алифбои арабӣ густариш ёфта, мақоми забонҳои маҳаллӣ қоҳиш ёфт. Забони форсӣ ҳамчун забони дуввуми динӣ ва давлатӣ эътироф шуда, пас аз барҳам хӯрдани давлати Сомониён дар давлатҳои туркӣ ҳам ҳамчун рукни давлатдорӣ боқӣ монд. Чун қабоили туркӣ асосан пайрави Имоми Аъзам буданд, ба хотири эҳтироми ӯ забони форсиро азизу муҳтарам доштанд, илова бар ин барои онҳо низ фаҳмидани забони арабӣ мушкил буд, аз ин рӯ дар давлатҳояшон забони форсиро ҳамчун забони динии худ ҳифз намуданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё