Иншои озод

Китоби мазкур ба довталабони мактабҳои олӣ ва муассисаҳои таълимӣ барои навиштани иншои озод кӯмак мерасонад. Дар он намунаҳои иншоҳо ва маслиҳатҳо оид ба риояи қоидаҳои имло ва коркарди мавзӯъҳо оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 40 саҳифа
забон бори дигар моро ба донистани нозукиҳои забони модарӣ ҳидоят мекунад. Аз ин рӯ, беғалат навиштану донистани меъёр ва қоидаҳои забон ҳастии ин рукни асосии миллатро таъмин мекунад. Илова бар ин, лозим аст, ки ба забони модарии худ садоқат ва муҳаббати бепоён дошта бошем, зеро эҳёи забон пурарзиштарин мероси мо ба наслҳои оянда хоҳад буд.
Забони модариро гум кардан носипосӣ нисбати Модару Ватан аст. Хитоби устод Лоиқ Шералӣ ба нишони ғафлатзадагон айни муддааст:
Заҳр бодо, шири модар бар касе,
К-ӯ забони модарӣ гум кардааст.
Раванди ҷомеаи дунявӣ моро водор мекунад, ки дар роҳи татбиқи ҳамаҷонибаи забони давлатӣ мусоидат намоем.
ДОНИШ ЧАРОҒИ РАВШАН АСТ
Дониш андар дил чароғи равшан аст,
В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.
(Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ)
Дониш, маърифат, илм, фарҳанг, ақл, хирад чароғи равшани олами фонист. Инсон ба василаи он ҳар гуна мушкилотро ҳал менамояд ва ба рӯи худ дари бахту саодатро мекушояд. Дарки оламу одам, ҳаводиси мухталифи табиат, бадию некӣ, асрори фалак ба андозаи ақли инсон марбут аст. Ҳар қадар кас ба умқи ҳодисот бирасад, ҳамон қадар асрори дигаре зуҳур меёбад. Яъне дар ин олами бекарон ҳазорон асрор нуҳуфтааст, ки ҳар якеро бо заҳмати зиёд кашф мекунанд.
Бешубҳа, шахси донишманд бо зӯри хирад дили кӯҳро мешикофад, дар як соат роҳи дарозеро тай мекунад, дар фазо парвоз мекунад. Магар тайёра бофтаи хаёл нест?
Бале, бо мурури замон оинаи ҷаҳоннамо, мӯъҷизаҳои парвозӣ аз олами хаёлот ба воқеият табдил ёфтаанд. Албатта, яку-якбора не, бо гузашти айём, дар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё