Зеҳн
Иншои озод

Китоби мазкур ба довталабони мактабҳои олӣ ва муассисаҳои таълимӣ барои навиштани иншои озод кӯмак мерасонад. Дар он намунаҳои иншоҳо ва маслиҳатҳо оид ба риояи қоидаҳои имло ва коркарди мавзӯъҳо оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 40 саҳифа

МаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

гардиданд. Новобаста ба ин, халқи тоҷик ба субҳи умед эътимод дошта бо чунин андеша тасаллӣ меёфт:

Аз ноумедиҳо басе умед аст,
Поёни шаби сиёҳ сафед аст.

Дар таърихи миллати тоҷик ин фоҷиаи гарон чун саҳифаи фаромӯшнашуданӣ ва хузнангез сабт шудааст, то ояндагонро сабақи зиндагӣ бошад.

Бешубҳа, Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои нави сиёсӣ буда, дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи наверо боз намуд. Маҳз ҳамин Иҷлосияи тақдирсоз бақои миллатро таъмин намуда, дастгоҳи нави давлатиро, ки омили пешрафту тараққиёти ҷомеа мебошад, рӯи кор овард.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 1993 нақш ва мавқеи Иҷлосияро ба сифати рӯйдоди сарнавиштсози миллат муайян намуд, зеро он дар кишвар гардиши куллиеро ба вуҷуд овард.

Дар Иҷлосияи фавқ ба Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколати Сардори давлат дода шуд. Ба ӯҳдаи Сардори давлат таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, Конституция ва Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор гардид.

Хулоса, давлати навтаъсисе, ки ба миён омад, фаъолияти худро аз ошти миллӣ, ҳалъи силоҳ, авф, баргардонидани гурезагон, таъмини ҳуқуқи инсон ибтидо бахшид.

Сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат назми ҷомеаро ба вуҷуд оварда, мардумро ба ояндаи дурахшон бовар кунонид.

Воқеан, донаи умед ба таровату файзи борони оштии миллӣ дар дили ҳар як сокини кишвар сабзид. Оре:

Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад,
Агар хоре бувад, гулдаста гардад.

пешина
аз 40
навбатӣ