Зеҳн
Иншои озод

Китоби мазкур ба довталабони мактабҳои олӣ ва муассисаҳои таълимӣ барои навиштани иншои озод кӯмак мерасонад. Дар он намунаҳои иншоҳо ва маслиҳатҳо оид ба риояи қоидаҳои имло ва коркарди мавзӯъҳо оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 40 саҳифа

АдабиётМаориф
Аз аввал хондан

Бешубҳа, ҳар ҷо ки адаб аст, оромиву субот ва пешрафту нумуъ низ ба миён меояд. Ҳатто дар оилае, ки одоб бошад, шодиву нишот низ ҳукм меронад. Фарогирии адаб ба худи ҳар як инсон вобаста аст. Дар ин бора қиссае ҳаст:

«Луқмони Ҳакимро пурсидаанд: Адоб аз кӣ омӯхтӣ? Гуфт: Аз беадабон. Ҳар чӣ аз эшон дар назарам нописанд омад, парҳез кардам».

Аз ин андешаи орифона чунин хулоса меояд, ки барои дарки моҳияти адаб худи зиндагӣ моро чун устоди сахтгир таълим медиҳад. Як шахси боадаб бар сад нафар беадаб пирӯз меояд, мисли он ки торикии шабро нури рӯз маҳв мекунад. Бо ин маънии Абулҳасани Фаррухӣ гуфтааст:

Зи нури рӯз гурезад ҳамеша зулмати шаб,
Чу фахр пайдо гардад, нуҳуфта гардад ор.

Бузургони илму адаб ба ин масъала таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, адабро ганҷи қимат ва шарафу иқбол ба қалам додаанд. Ҳикмати Абулқосим Фирдавсӣ далели андешаи болост:

Адаб беҳтар аз ганҷи Қорун бувад,
Фузунтар аз мулки Фаридун бувад.

Бадриддин Ҳилолӣ бо як илҳоми шоирона хеле бамаврид мегӯяд:

Адаб ороиши афъол бошад,
Адаб осоиши аҳвол бошад.
Адаб маҷмӯаи ҳусну ҷамол аст,
Баҳоре дар камоли эътидол аст.

Адаб дар назари аҳли ҷуд бахту саодат, давлати ноёб, эътибору шаҳомат, тоҷи сари мардон аст. Абдураҳмони Ҷомӣ барҳақ гуфта:

пешина
аз 40
навбатӣ