Зеҳн
Иншои озод

Китоби мазкур ба довталабони мактабҳои олӣ ва муассисаҳои таълимӣ барои навиштани иншои озод кӯмак мерасонад. Дар он намунаҳои иншоҳо ва маслиҳатҳо оид ба риояи қоидаҳои имло ва коркарди мавзӯъҳо оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 40 саҳифа

МаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

ВАТАНАМ – ТОҶИКИСТОН

Пос доштани муқаддасоти миллӣ барои ҳар як фарди бофарҳангу ватанпарвар ҳам фарзу ҳам суннат аст.
Эмомалӣ РАҲМОН

Ба бахти мо 9 сентябри соли 1991 Тоҷикистони азизи мо соҳибистиқлол гардид. Халқи тоҷик баъди зиёда аз ҳазор сол аз нав соҳиби давлати мустақили миллӣ гардида, мақому манзалати хоса касб намуд. Барои миллат ин бахти нодир ва воқеаи хеле бузургу фарахбахш аст. Дар тӯли таърих халқи тоҷик ба як қатор дастовардҳои беназир ноил гардидааст. Бунёди корхонаҳои бузурги саноатӣ, истгоҳҳои барқии обӣ, шаҳрҳои калони сераҳолӣ, биноҳои серошёна маҳсули заҳмати сокинони ин кишвари биҳиштосо мебошад.

Мо - тоҷикон аз он ифтихор дорем, ки гузаштагони мо боре ҳам барои ғасби кишваре лашкар накашидаанд. Баръакс, ба намояндагони ҳунару адаб робитаи дӯстӣ барқарор карда, анъанаҳои писандидаи дигар миллатҳоро гулчин намуданд ва дар омезиш бо қолаби шарқиёна пешкаши мардум гардониданд.

Устод Лоиқ Шералӣ дар шеъри «Торих гувоҳ аст» ин матлабро воқеъбинона ба риштаи назм кашидааст:

Торих гувоҳ аст, ки дар ҳеҷ замоне,
Тоҷик ба хоки дигаре аз сари кина
Бо ҳамҳамаю дамдама лашкар накашидаст...
Торих басо дида, ки андар раҳи паймон,
Тоҷик даме пеши адӯ сар нафикандаст.
Ҷон канда басо, лек
З-ояндаи пирӯзи худ уммед накандаст...

Сафари шуарои дурандеши мо, мисли Абӯалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Камоли Хуҷандӣ, Аҳмади Дониш, далели андешаи болост. Онҳо аз кишварҳои зиёд дидан намуда, бозёфтҳои маънавии ҷомеаро дар асарҳояшон истифода кардаанд.

Аз шоирони муосири тоҷик, устод Мирзо Турсунзода ин амали шоистаро идома дода, бо абёти саропо рангин Тоҷикистонро чун кишвари зебову ҳар қатра оби Ватан ончунон дил мебандад, ки бе он наметавонад хушбахт бошад.

пешина
аз 40
навбатӣ